Tuesday, 11.21.2017, 10:16 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 39
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Кошифӣ_2

Номи Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар радифи машҳуртарин  номҳои илму адаби гузаштагонамон чун Абдураҳмони Ҷомиву Алишери Навоӣ русух доштааст. Мақоми ӯ махсусан дар воизиву  тарғибгари ахлоқи ҳамидаи инсонӣ шоистаи таваҷҷуҳ ва ангуштнамои барозандаи ҳамагон гардидааст. Аз ин хотир миёни Ҷомиву Навоӣ ва Ҳусайн Воиз риштаи ногусастании дӯстиву рафоқат ва меҳрубониву отифати ҳамкорӣ мавӯд будааст. Бинобар ин Ҳусайн Воиз ду тафсири худ «Мавоҳиби Алия» ё «Тафсири Ҳусайни» ва  «Ҷавоҳир-ут-тафсир-ал-туҳфат-ул-амир», ки онро «Тафсири заҳровин» низ баршуморидаанд ва нияту хотири дӯсти ба номи Алишери Навоӣ таълиф намудааст, ин асар нотамом мондааст. Навоӣ бошад дар баробари чунин подош дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» дар хусуси воизи воломақоми  замон, ки кайҳо миёни ҳиротиён  ва дигар мардумони марзу буми Хуросон шӯҳрати ангуштнамо касб кардабуд, чунин нигошта: «Мавлоно  Ҳусайн Воиз «Кошифӣ» тахаллус мекунад мекунад ва аз вилояти Сабзавор аст. Муддати бист сол аст, ки дар шаҳри Ҳирот сокин аст. Мавлоно бағоят зуфунун ва пуркор воқеъ шуда ва кам фанне бошад, ки ӯро дар он дахле набошад. Ҳусайн ваъз ва иншо ва нуҷум, ки ҳаққи ӯст ва дар  ҳар яке аз ин корҳое машҳур ва мутаайин вуқуфи тамоме дорад ва аз мусаннифоташ яке «Ҷавоҳир-ут-тафсир» аст, ки ба сад ҷузъ надик аст. «Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр» (ҷ. 111 ҷузъи 3, с.341) ба гуфтаи Навоӣ афзуда овардааст: «Воиз дар илми нуҷум ва иншо бе мисоли замони худ буд ва дар соири улум низ амсолу акрон даъвобарорӣ менамуд. Ба овози хушу савти дилкаш ба амри вазъу насиҳат мепардохт… ва чун муқтазои аҷали мавъуд даррасид, фирсанаи ашара ва тисъамоти (910 ҳиҷрӣ) муҳри сукут бар лаб зад ва олами охиратро манзил сохт».

Мероси адабиву алоқии Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ доманаи фаррох ва паҳнои бепоён дорад. Андар миёни ин осори боарзиш фанҳои  мухталиф: ахлоқ таърих, тасаввуф, нуҷум, риёзиёт, фиқҳ ва дигарро , ки ададу номгӯи онҳоро Маликушуарро Баҳор дар асари хеш «Сабкшиносӣ» зиёда аз чиҳил асари ҷудогона баршумурдааст, фаро  мегиранд. Машҳуратарини асарҳои Ҳусайн Воиз, ки то ба мо расидаанд аз «Тафсири Ҳусайнӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Тафсири заҳровин», «Рисолаи Ҳотамия», «Бадоеъ-ул-афкор фил саноеъ-ул-ашъор», «Луби лубоби маснавӣ», «Ахлоқи муҳсинӣ», «Анвори Суҳайлӣ», «Мавоҳиб-ул-зуҳал», «Лавомеъ-ул-қамар», «Махзан-ул-иншо»  ва дигарон мебошанд. Бисьёр бо таасуф тазакур бояд дод, ки то кунун ин суханвари соҳибсалиқаву хушзеҳни фозил дар миёни ҳамзабононаш – мо тоҷикон тадқиқу татбиқи ҳамаҷонибаи илмиву адабии худро дар илми адабиётшиносии ватаниву хориҷӣ ба тавре, ки бояду шояд дарьёфт накардааст.

Search