Thursday, 03.28.2024, 10:27 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Нахлии Бухороӣ

Нахлӣ аз шоирони намоёни лирики аввали асри 17 тоҷик мебошад. Такрибан байни солҳои 1581- 86 дар Бухоро таваллуд шуда, такрибан миёни солҳои 1645-50 дар Балх вафот кардааст. Шоири точик бо тахаллуси «Кирмони» хам шеър гуфтааст. Дар зодгохаш хату савод баровард. Чанд муддат дар мадраса тахсил карда, аз илмхои расмии замон бахраманд гардид. Аз чавони ба шеъргуи пардохтааст. Нисори дар «Музаккирулахбоб» хабар медихад, ки «Мавлоно Нахли сурати хуб ва сирати маргуб дорад. Суханонаш дилкашу махбуб арбоби кулуб аст». У газалро хамчун намунаи ашъори Нахли низ оварда аст. Мутриби хам Нахлиро хамчун шоири номи ёд мекунад. Шухрати Нахли уро ба дарбори Имомкулихон кашид. Дар дарбор хам зиндагии Нахли якмаром намегузарад. Авомфиребии ахли чох, фиску фучур, бекадрии сухан ва гайра боиси он мегардад, ки Нахли дарборро тарк намояд. Нахли шоири сохибдевон буда, газал, касида, рубои, китъа, маснавии таркибанд ва гайраро сурудааст. Махсусан дар газалсарои мумтоз будааст. Шикоят аз замона, тараннуми ишки пок, панду хикмат ва гайра аз мавзуъхои ашъори у мебошанд.


Ғарқи хун созад таманнои ту доғи синаро,

Ҳалқа бар гӯш афканад акси лабат оинаро.

Васл агар набвад маро савдои зулфе хам бас аст,

Тифли мактаб ин медонад шаби одинаро.

Дарди ӯ дар пардаҳои дида пинҳон сохтам,

В-аз саводи дида кардам мӯҳр ин ганҷинаро.

Нахлӣ, аз меҳре, ки худ бо дӯст дорӣ, дам мазан,

Тарсам, аз меҳри ту рашк огоҳ созад кинаро.

Баски ҳаҷри ту кашад танг дар оғӯш маро,

Ҳасрати мурдани ҳар кас барад аз ҳуш маро.

Меҳр мегӯяму ҷон меканаму мегирям,

Модари толеъи ман карда фаромӯш маро.

Мурғи печида ба домам, зи аҷал бокам нест,

Ки ғам аз давлати худ карда зиреҳпӯш маро.

Нахлӣ, ар ҷилваи ширинии дунё ин аст,

Неш сад мартаба беҳтар бувад аз нӯш маро!

 

Лаби яъсам, фиғонамро асар нест,

Чӣ сон гирям, ки хунам дар ҷигар нест.

Агар лаззатпарастӣ, доғ шав, доғ,

Ба чоки ҷайб нозидан ҳунар нест.

Тараннумҳои булбул дилпазир аст,

Чаманафрӯзии гул мӯътабар нест.

Миёни чашму абрӯи ману ёр,

Ишоратҳост, мижгонро хабар нест.

Ту дурӣ аз муҳаббат, варна, Нахлӣ,

Матое аз муҳаббат бештар нест.

 

 

 

Боз доғи синаам аз ғам гулафшон гаштааст,

Қатраи ашкам зи ҳаҷри дӯст тӯфон гаштааст,

Шуълаафрӯзи замин хуршеди оламтоб нест,

Кавкаби бахтам ба хоки тира яксон гаштааст.

Рӯзгор ошуфтасозу осмон душманнавоз,

З-ин парешонулфатон табъам парешон гаштааст.

Гулбуни айшам зи боғи орзу нашкуфтааст,

Ғунчаҳои доғи ҳасрат боз хандон гаштааст.

Бесару барг аст, Нахлӣ, аз ҷунуни ишқ, ҳой,

То дили ғамдидааш расвои хубон гаштааст.

 

Search