Wednesday, 04.24.2024, 10:26 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Tajik Jokes

Офтоб ё маҳтоб?
Ду маст дар кӯча бо ҳам дар бораи офтоб баҳс мекарданд. 
Яке мегуфт: Ин офтоб аст! Биё гарав мезанем!
Дигар мегуфт: Не, ин маҳтоб аст! Биё гарав!

Онҳо аз баҳс ба муштзанӣ гузаштанд, Дар ин вақт марди дигаре аз назди онҳо мегузашт. Ин ду мард он марди раҳгузарро пурсиданд: Мебахшед, мо баҳс мекунем, ки оё ин офтоб аст, ё маҳтоб. Шумо одами холис ҳастед, илтимос баҳси моро ҳал кунед. Ба фикри шумо ин офтоб аст, ё маҳтоб?
Марди раҳгузар ба онҳо бодиққат нигоҳ кард, пас ба осмон нигоҳ кард ва бо овози каме андӯҳгин гуфт: Мебахшед, ман аз ин шаҳр нестам! 

Аз кор дер намонам.

Зане ба кор мерафт. Дар роҳ ӯ мардеро дид, ки мехост худро аз бинои баланд партояд. Пас аз даҳ дақиқаи нигаристан, вай ба соаташ зуд-зуд нигариста ҳар дам мегуфт: Э Худо, агар ҳамин мард ҳозир худашро напартояд, ман аз кор дер мемонам!!! 

Акнун худамро мекобӣ? (Ин шӯхӣ дар асоси рӯйдоди ҳақиқӣ аст!) 
 
Як марди пир бо хараш як халта намакро ба яке аз рустоҳои тарафи Панҷакент мебурд. Ӯ дар роҳ буд, ки ҳаво торик шуд ва борону жола борид. Сипас сел омада намак ва хари ӯро шуста бурд. Мардаки бечора таги як санги калон пинҳон шуда ба осмон менигарист. Дар осмон ҳар дам озарахш пайдо мешуд ва ҳама ҷойро рӯшан мекард. Мӯйсафед ба осмон нигариста ба Худо муроҷиат кард: "Худоҷон, харамро шуста бурдӣ, намакамро ҳам бурдӣ, акнун чароғу алоб карда худамро кофтосӣ?"

Филиал
Як гадо дар кӯча ба марди раҳгузар ду тоқӣ дароз мекунад.
Марди раҳгузар мепурсад, ки чаро ду тоқӣ?
Гадо: Ҷаноб, ҳозир кризис, ҳама чиз қимат, маҷбур шудам, ки филиал кушоям.

Аз ду зиёд набошад?
Як рӯз дар ҷангал гург харгӯшро мебинад, ки талх гурехта истодааст. Гург харгӯшро боздошта мепурсад:
-Ҳа, харгӯш? Чӣ ин қадар сахт гурехта истодаӣ? Ягон гап шуд?
Харгӯш мегӯяд: - А бача  бигрез, ки дар ҷангал як дев пайдо шудааст, касеро ки аз 2 дона хоя зиёд дорад, хояҳоша меканад!
Гург мегӯяд: - Хайр, ту ку ду хоя дорӣ, чӣ метарсӣ?
Харгӯш мегӯяд: - Э амакӣ, ба умеди ду хояаат нашаву гурез, ки ин дев аввал хояҳота меканад, баъд мешумурад!!!

Кар-кар
Ду марди кар вомехӯранд: 
Яке пурсид: Аз бозор омадӣ?
Дигар дар ҷавоб: Не, аз бозор!

Дунёи дурӯза

Як рӯз аҷал ба хонаи як бангӣ ҷонгирӣ мебиёяд. Дарро мекӯбад. Бангӣ кайфош таранг дарро кушода мегӯяд:

Бангӣ: -Ҳа ҳамсоя? Тинҷӣяй?

Аҷал: Ҳамсоя не, ман аҷал! Омадам ҷонатро гирам!  

Бангӣ: Ээ, марҳамат, хуш омаден! Як пиёла чой гирен.

Аҷал барои як пиёла чой медарояд. Багӣ як сигори банг омода карда буд, ҳамонро ба Аҷал медиҳад.

Бангӣ: Бизанем, ин дунёи дурӯза мегузарад ака!

Аҷал мезана кайфош таранг мешавад ва мегӯяд: Хуб, ман пагоҳ мебиём.  
Бангӣ: А бача, гап нестай, нигаҳат мекунум!

Ҳамин хел ду рӯз давом мекунад.

Рӯзи сеюм Аҷал мебиёяд, дари хонаи Бангиро мекӯбад:

Бангӣ: Ҳа, ҷонгирӣ омадӣ? 


Аҷал: Не ака! Биё рости гап бизанем, ки ин дунёи дурӯза мегузарад! 

Бе таҳорат
Як  мард ба дӯсташ мегӯяд:
-Биё, бо ман ба масҷид меравем!
Дӯсташ мегӯяд:
-Мебахшӣ, лекин ман ҳозир таҳорат надорам!
Ин мард мегӯяд:
-Зиқ нашав! Ман як ҳафта шуд ба масҷид бе таҳорат меравам, лек мулло ҳоло ҳам нафаҳмидааст!


Search