Tuesday, 12.03.2024, 7:48 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Барфи охирин-1

Абдуғаффори Абдуҷаббор

 

 

 

 

 

БАРФИ ОХИРИН

(қисса)

 

 

Тирамоҳ омаду аз барги сабз нахуст зарра–зарра оби рӯяшро дуздид, баъд ранги ҷаззобиашро зард гардонд. Инак он симои дилрабо ҳузн меангехт; эҳсос мекард, ки ба анвори офтоби оламтоб шояд охирин бор ғарқ мегардад… Ва ана, боди сард вазид. Барги сабз ҳаросону қариб беҷон ларзид–ларзиду аз бари шохча канда шуд. Лекин то даме ба хоки раҳ барнахӯрд, дуруст нафаҳмид – боло буд, поин омад, акнун мӯрча ҳам, кӯдакон ҳам, пиру барно ҳам бепарво пахш карда мегузаранд, касе ба зери пояш наменигарад садои ҷонкоҳи баргро намешунавад, гӯё нест вай, таҳтан вуҷуд надорад… Ниҳоят сари субҳ зане кӯча рӯфт, ба рӯи барг низ ҷорӯб кашид. Ҷорӯб кашиду ба хокрӯба омехт ва ҳамаро дар лаби ҷӯе ҷамъ оварда оташ зад. Барг месӯхт, бо олам дуд мекард. Балки мегирист бесадо, печутоб мехӯрду менолид, ки ҳатто умри хазонаш низ ба анҷом расид.

* * *

Ӯ рост истода, ҳукмномаро сокиту ором шунид, оби хиҷолат ба рӯяш надавид, ҳатто мижжа назад. Хешутабори ҷабрдида аз ҷазо қаноатманд будани худро зоҳир намуда, қарсак заданд. Бо вуҷуди ин гунаҳкор устувор монд, ваҷоҳаташ тағйир нахӯрд, рангаш напарид. Тавре, ки пештар тасаввур дошт, ҳатто зонуҳояш наларзиданд.

Судя – зани қоматбаланди маҳтобрӯй ва нигоҳаш ҷиддӣ пас аз он ки қироати ҳукмномаро ба охир расонд, лаҳзае таваққуф карда, як–як ба сӯи ҳозирон назар афканду иловаи маъмулро ёдрас намуд.

– Даъво кардан хоҳед, дар давоми ҳафт рӯз ариза нависед.

Ин нукта низ пинаки шахси муттаҳамро вайрон накард. Вай ҳанӯз ҳам қоматаш нашикаста, дар оинаҳои покизаи тирезаи толори сард ва якранги мурофиа ба дуродур, ба кӯҳсори қуллаҳояш барфпӯш менигарист. Менигаристу фикр мекард, – ӯро аз ҳуқуқи мазкур ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз касе маҳрум сохта наметавонад; фикр мекард, ки тӯли умри чилсолааш боре ҳам ба қуллаи кӯҳи баландиаш ақалан ду–се ҳазор метр набаромадааст, аз ин рӯ намедонист ҳавои он ҷойҳо ба кадом ҳад тозаву беғубор бошад. Боз андешид, ҳайратовар тофт, ки баъди шунидани ҳукмнома низ ӯ ба чунин иқдом қодир аст; андешид на тулӯи офтобро мушоҳида кардааст, на ғурубашро. Ҳеҷ намедонист, ки тулӯъ ва ғуруб дар зебоиву назокат ва асрорангезиву рангорангии хеш ба ҳам дар як мақом қарор доранд. Бояд ҳамин тавр бошад, хулоса баровард ӯ. Шояд ҳазорҳо, миллионҳо одамон, ки ҳар яке аз ин имконияти оддӣ бархурдоранд, ҳавову ҳавсалаи кӯҳбароӣ намекунанд. Пас аз кайфияти тамошои манзараҳои нотакрори он бехабаранд. Вале ҳоло ӯ худро як тан аз ҳамон миллионҳо ва истисно медонист. Акнун дер шуд. Аз ин ҷиҳат бепарвоии худро боиси таассуф пиндошт…

Аз тиреза чашм канда, пай бурд, ки охирин тамошогарону шавқмандони мурофиа аз толор берун мешаванд. Ва сарашро андак хам кард. Сипас ба ҷониби судя назар давонд. Он зани зебо дар ҷояш нишаста, дасти росташро ба манаҳаш такя монда, хаёломез ба ӯ менигарист. Нигоҳаш зоҳиран хунсард… вале аён буд, ё ба назараш чунин намуд, ки хоҳ–нохоҳ дилаш ба маҳкум месӯзад. Вай табассум кард, гӯё дар озодӣ бошад, гӯё навакак ҳукмномаи каси дигарро мехонданд. Воқеан, табассум кардан низ ҳаққи дахлнопазири ӯ ҳисоб меёфт. Лекин… тазоди аҷиби зиндагиро дарёфт, табассумаш ҳам аз ин хотир буд… «Худкардаро даво нест, ман бегуфтугӯ гунаҳкорам, ягон хел гузаштро чашмдор набудам. Ботинан омодаи сахттарин ҷазо меистодам. Вале гумон надоштам, ки чунин офаридаи дилрабо маро ба ҷазои олӣ гирифтор месозад. Мефаҳмам, ҳолӣ ҳозир тавонам мерасад ба донистан, ки ҷомеаи инсонӣ ӯро вазифадор кардааст. Бо вуҷуди ин ангушти ҳайрат мегазам».

– Баред маҳкумшударо! – аз ҷой хеста, амр дод зан ва хаёлоти марди муттаҳам қатъ гардид.

– Оҳ, рӯям сиёҳ шуд, – фиғон кашида, таркид модараш ва худро ба рӯи фарши толор партофт. – Наход ман ба ҳамин умед, ба хотири ҳамин рӯзи сиёҳ ба ту шири сафед дода, шабҳо дар сари гаҳвораат алла мехондам… Охир, ману падарат ба касе ганда нигоҳ кардагӣ одам набудем, на рӯз қарор доштем, на шаб… Каланд мезадем, хишова мекардем, пахта мечидем, ки шикаматон сер бошаду танатон обод. Ғӯзапоя ҷамъ меовардем, ки зимистон хунук нахӯред, аз мазаи обу нон ҳаловат баред… Кирмак дошта, пилла мерӯёндем, зардолу мехушкондем, ки чор танга пасандоз шавад… Магар он рӯзҳоро фаромӯш кардӣ?.. Ман аз аввал ба гӯрсӯхта бизнесат розӣ набудам, лекин гапамро писанд накардӣ. Оқибат ҳирси пулу мол хонаатро сӯзонд, обрӯямонро барбод дод, оилаат зиндаҷудо гашт… Э хок бар сарам, мушт барин фарзандро ба воя расонию вай одам кушад, бистари бегуноҳонро сӯзад, аз дину имонаш маҳрум шавад… Чаро замини сиёҳ намекашад, ки ман фурӯ равам?.. Ақаллан ба номи нек мемурдӣ, тоқат мекардам… Ин чӣ шармандагӣ… Бигӯ, Қурбони гӯрсӯхта, бигӯ – ман ба чашми фарзандонат, ба рӯи одамон, шиносу бегонаҳо, хешу табор, аҳли маҳалла, умуман ба рӯи мардуми олам чӣ хел нигоҳ кунам… Эҳ, кош, кош кӯр мебудам… Ин чӣ номаъқулӣ, ки ту кардӣ… Ё бозори ҷони одамӣ арзон шудааст?.. Товони ятимакҳои он зани берӯзию марди бетолеъро кӣ медиҳад?.. Э вой, кош назоида мемурдам…

 

* * *

… Хатнатӯи писари хурдии Саидбои ошпаз ба авҷи аълояш мерасид; тӯйбазм буд. Аҳли гузар – пиру барно дар болои кату сари мизҳои дарози тахтагин нишаста, чақ–чақ мекарданд, нону намак мехӯрданд; аксар шароб менӯшиданд. Осмон соф буд, барфи ғафси се рӯз қабл борида дар зери пой ғарч–ғарч садо мебаровард. Баъде ки мусиқачиён асбобҳои худро ҷӯр карданд, Кали Мансури буққа, ки дар масхарабозӣ низ устухон надошт, якҷоя бо шогирдаш ба карнайкашӣ даромад. Одатан базми ин гуна маҳфилҳо дер – дар торикии комил шурӯъ шуда, то аз шаб як–ду пос гузаштан, идома меёфт. Садои карнай чун анъана аз оғози базм дарак медод.

Ҳаво сард буд. Бинобар ин ходими дастархон усто Иброҳимҷон, ки марди миёнақади чусту чолок буд, ба ману боз ду–се нафар ҳамсолонам фармуд, ки аз пушти оғил ҳезуми хушк биёрем. Мо се банд ғӯзапояи нимпӯсида оварда, дар мобайни рақсгоҳи базм сар ба сар мондем. Усто Иброҳимҷон аз таги ғӯзапоя коғазпораҳо гузошта, ҷо–ҷо аз шиша карасин рехт ва гӯгирд зад. Ҳезум андак дуд карда, забонаҳои гулхан нав ба ҷасту хез медаромаданд, ки гуфт:

– Набераҳои амакаш, ин ҳезуматон фақат пешдаргирон шуд. Мо, охир, кундабазм оростанӣ. Ҳамин хел ки бошад, равед, ҳезуми сахт биёред.

Ин дафъа мо аз кунҷи оғил каллакҳои қоқи тут ва се–чор ғӯлаи аррадидаи зардолу оварда, ба оташгоҳ партофтем. Усто ба ҳар якамон кулчаву қанд ва яксарӣ ангури тойфӣ дод.

– Хизмати шумоён ҳамин, ки базмамон то охир гарм бошад. Фаҳмидед?

Мо баробар сар ҷундондем. Чунки даҳонамон пур аз қанду кулча буд. Мардҳо масту ҳушёр омехта рақс мекарданд, баъзеҳо аз болои гулхан меҷаҳиданд, ба дараҷае, ки қариб домани ҷома ё палтояшон месӯхт. Ман аз тамошо лаззат гирифта, низ хоҳишам ҷӯшид, ки арғушт равам, вале аз чӣ бошад, шарму истиҳола домангир шуданд.

Гумон доштам, ки агар ба рақс дароям, ҳама ба ман менигаранд ва шояд «рақсашро бинед–а!» – гӯён механданд. Фурсате баъд супориши усто, ки падарамро хуб мешинохт, ба ёдам омаду аз паи ҳезум рафтам. Як чӯби дароз ва … гаҳвораи аз афташ солиёни зиёд таҳи чангу ғубор хобидаро берун кашидам ва ҳардуро оварда, ба коми оташ андохтам. Рости гап, касе кордор нашуд, ҳатто эътибор ҳам надод. Ман аз ташаббуси худ хушнуду баифтихор меистодам, ки ду ваҷаб сари гаҳвора сӯхтан пас овози усторо шунидам:

– Оҳо–ҳо–о! Бачаро кор фармою аз пасаш дав! Ин гаҳвораро кӣ овард?

– Ман! – гуфтам, ҳанӯз мақсадашро пай набурда.

– О кадом бекалла гаҳвораро оташ задаст, ки ту оташ занӣ–а?! Якбора хонаи чанд каса сӯхтӣ–ку…

Ҳамон шаб воқеаро ба модарам нақл кардам.

– Усто рост гуфтаанд, гаҳвораро сӯзондан хосияти хуб надорад, писарам. Афсӯс…

* * *

Модарам сархам менишаст. Дуздида–дуздида ба чеҳрааш менигаристаму хориам меомад… Аз бинои сарди маҳкама маро берун оварданд. Гурӯҳи одамон ҳанӯз дар саҳни ҳавлӣ истода, шояд ҷараёни мурофиаро муҳокима доштанд. Онҳо яке раҳмомез, дигаре бо нафрат, саввумӣ кунҷковона чашм давонда, ором гузаштани маро назора мекарданд. Ба вазъи ман, ба афту андомам баҳо доданд, – намедонам. Вале медонам, ки дери дераш то бегоҳ, ҷудо ҳиммат кунанд, пас аз дар муҳити оила қисса кушодан, маро мутлақо фаромӯш месозанд. Ва ин табиист.

– Гӯшти хар, дандони саг! – дод зад касе.

Ман гоҳ ба зери по – то ҳангоми аз зинапоя фаромадан мабодо афтам, – гоҳ ба сӯи посбонҳо менигаристам. Дар миёни анбӯҳи мардум дигар касеро аз пайвандон, хешу табор, ё худ ёру ошно надидам. Шояд аз мурофиа хабар надоранд. Балки аз кирдори ман шармашон омада бошад. То дари мошини милиса, ки маро ба ҳабсхона мебарад, нӯҳуним қадам будааст. Қабл аз ворид гаштан ба посбони калон қадре илтиҷоомез нигаристам. Гуфт:

– Чӣ истодаӣ? Савор шав!

– Иҷозат ҳаст ба осмон нигоҳ кунам?

– Чӣ?! Аллакай девона шудӣ?

Сар бардоштам. Осмони нилгун пок буд, офтоб бо виқор ба сари одамон, ҳатто ба ман ҳам нурафшонӣ мекард. Э кош, соҳиби болҳо мебудаму тавонои парвоз медоштам… Он гоҳ аз кулли қонунҳое, ки фарзанди инсон бофтааст, зуд рӯй тофта, мепаридам ба само, ба офтоб. Мепаридам қатъи назар аз ғаму андӯҳам, тарсу ваҳмам, накӯтолеиву бори бадбахтиҳоям, дилсӯзиву бераҳмиҳоям, одамиву нокасиҳоям, бо ҳама гуноҳҳоям… Мепаридам… На барои он ки аз ҷазои олии адолат раҳоӣ ёбам, балки дар гармои беамсоли офтоб… бисӯзам. Ва аз ман нишоне, аз хокистарам ақаллан заррае боқӣ намонад. Дар пеши офтоб, албатта, ҳеҷам. Бо вуҷуди ин палиду нобакор гуфта, оё вай аз ман ҳазар намекарда бошад?..

– Рафтем! – тела дод посбон.

Ноилоҷ ба амраш сар фуруд овардам. Дохили мошин андак торик тофт. Эҳсос намудам, ки офтобро гум кардаам. Акнун якумрӣ. Ман инро аниқ медонам. Маро гӯё саропо барқ зад, банд–банди устухонамро ларзонд. Дигар маҳтали мӯъҷиза намешавам.

Дари оҳанини ҳуҷраи ҳабсхона аз пуштам вазнин пӯшида шуд. То ҳоло бояду шояд дарк карда наметавонам, ки ба ман ҳафт шабу ҳафт рӯз фурсати зиндагӣ додаанд. Ҳафт шабу ҳафт рӯзи ниҳоят зудгузар ва бағоят тӯлонӣ. Қисмати дуюми умрам пас аз қироати ҳукмнома шурӯъ ёфт. Акнун ман озодам. Интизориҳо паси сар шуданд. Оқибат ба манзили ниҳонӣ мерасам.

 

* * *

Ба назари писарак саҳро беҳадду канор менамуд. Ҳар як гардиши ҷӯйбор, канали беобу заҳбурҳо, ҳар қадам аз воти заминҳо, ҳар тутқатору зардолузор… ниҳоят, буттаҳои гирду атроф ошно ва азиз метофтанд. Дар чорсуи ин ҳомун ба ҷуз ӯ дигар касе ё мавҷудоти ғайре ҳузур надошт. Вале писарак эҳсоси танҳоӣ намекард. Баръакс, аз рангу накҳати зебоию покӣ хушнуд ва сармаст буд, ба ваҷд омада, дастонашро чун болҳои бақуввати шоҳин ба ду ҷониб ёзонда, чарх мезад, нидои самимии шодмониаш ба атрофу акноф мавҷзанон танинандоз мегардид:

– Оҳо–о–о–о–о…

Садояш ба дӯши кӯҳҳои дар дуродур мақом густурда, ба синаи абрҳои равшан бархӯрда, аксандоз мешуданд. Аммо вай инро намешунид. Чунки ба сараш парҳои беҳисоб бориданд, парҳои нуқрафоми сабук, мисли барфреза… Писарак кафи дастонашро ба ҳам оварда, тарзе, ки оби мусаффои обшорро мегирифт, онҳоро доштан мехост.

Дилаш моломоли нишот буд, дар ниёзи шеър гуфтан ё тарона сароидан метапид. Ба дараҷае, ки мақсади ба саҳро омаданашро гӯё бод дуздида мебурд. Ҳол он ки модар ӯро барои ҳезум равона кардааст…

Пиразан дар суфаи рӯи ҳавлӣ, дар равшании нурҳои пурҷилои офтоб нишаста, ба либосҳои кӯҳна якта–якта дарбеҳ мезад.

Писарак сару либосашро афшонда, аз чангу ғубор озод шуда, дасту рӯй шуст. Сипас зери лаб ғазалеро замзамакунон ба кулбаи деворҳояш похсагин даромад. Ва аз он ҷо бурдаи калони фатир ва косаи оби сард дар даст берун шуда, назди бибиаш омада нишаст. Нонро ба об андохт ва гуфт:

– Бибиҷон, ягон қисса кунед, аз ҳамон қиссаҳои ҳазору як шаб…

– Гӯр қиссаҳои бибиат шаванд. Хамааш афсонаҳои бофта. Ба ту ошу нон намедиҳанд, – ба кампир имкони сухан надода, овоз баровард модараш, ки байни гову гӯсфандон ҷунбуҷул дошт. – Беҳтараш нонатро хӯру ҳезумчинӣ рав…

– Нав як банди калон овардаму…

Писарак лаб газид.

– Бекор бошӣ, боз рафта биё, зарар надорад, – аз гуфтаи худ намонд модар.

Пиразан айнакашро дуруст карда, ба сӯрохи сӯзан ришта мегузаронд.

– Қиссаҳо, албатта, намехӯронанд, намепӯшонанд – гуфт ӯ, – аммо донед, ба гӯшатон ҳалқа кунед, ки рӯҳи одамро бараҳна намедоранд, ба гардиш, ба парвоз меоранд. Ин аниқ.

Модари писарак паст омадан намехост:

– Ҳамин афсонаҳо мағзашро гиҷ карданд, ки акнун дар дил орзуи моро партофта рафтан дорад.

– Орзу дар ҷавонӣ айб нест, гуфтаанд одамини қадим, – мулоҳиза ронд пиразан.

– Ҳаждаҳ сол аст, ки ман келини хонадони шумо. Тӯли ин қадар вақт ҳурмати шумо аз ҳама боло буд. Ва ҳаст…

– Лаҷоми гапро ба дигар тараф набаред, духтарам. Беҳтар аст ояндаи писаратонро фикр кунем. Ин як иқдоми оддӣ, шояд оддитар чизе набошад…

– Ман ҳаргиз розӣ шуда наметавонам. Агар шавҳарам зинда мебуданд, ҳоҷат намемонд ба ин баҳсу талош…

Писарак нонашро хӯрда, ҳоло андармони гуфтугузори бибиву модараш менишаст. «Ҳа, модарам рост мегӯяд. Раҳматӣ падарам гаштаву баргашта таъкид мекарданд: агар воқеан ҳам ҳалолу басомон хондан аз дастат ояд, ман ҳеҷ чизро дареғ намедорам. Охирин дороиямро мефурӯшаму осуда хондани туро таъмин мекунам…»

Пиразан лаҳзае ба хаёл рафт.

– Шавҳарам дар айёми қаҳтию қиматӣ аз падарашон чордаҳсола монда, дар ҳамон синну сол муттакои додари ҳанӯз кӯдаку модари танҳо мешаванд, бори зиндагиро ба гардан мегиранд…

– Ҳамон вазъият бо гардиши фалак имрӯз ба сари набераатон омадааст. О худатон як тасаввур кунед! Ман тифли ширмак дар дастам ба куҷо мерасам?.. Аз паи кадом ташвиши рӯзгор мешавам?

– Худоро шукр, ман ҳоло аз мадор намондаам–ку, дасту поям бутун…

– Не гуфтам, не! Ҳатто хоҷаи Хизр омада талаб кунад ҳам, аз раъям намегардам…

Модар қаҳрашро фурӯ нишонда натавониста, худро ба даруни кулбаи нимторик зад. Ва аз он ҷо китоб дар даст берун омад.

– Бе ҳамин сабилмонда рӯзаш мегузарад, як бурда–ним бурда нонашро ҳам меёбад.

Ва дарронд… Китоб варақ–варақ дар рӯи ҳавлии пурчангу хок парешон гашт.

Пиразан аз дӯхтан бозмонд, чашмони камнураш маҳзун шуда, аз суфа оҳиста ва мутаҳаййир фаромад. Бо сари хаму қомати камон чанд варақи парешонро бардошт. Дидагонаш ашколуд гаштанд. Наберааш ҳарфе нагуфта, ба кӯмакаш расид. Саҳифаҳои китобро чиданду даме, ки пиразан рост шуд, писарак ба пушти ангушт қатрае аз ашки бибиашро пок кард. Пиразан якҷоя бо варақҳои канда набераашро бо дастони ларзон ба оғӯш кашид, аз пешониаш бӯсид ва сарашро хомӯш сила кард.

Келин дар рӯи хок ҳайрон менишаст.

Search