Tuesday, 12.03.2024, 7:48 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Барфи охирин-2

* * *

Вақте ки бори аввал дидаву дониста дурӯғ гуфт, Қурбон дар синфи сеюм мехонад, даҳсола буд. Он гоҳ намедонист, пас гумон ҳам намекард, ки падарро фиреб додан гуноҳ аст. Се рӯз паёмай «мактаб меравам» гуфта,  аз хона баромада мерафту ба дарсҳо ҳозир намегардид. Дар бозор миёни рафҳо сарсарӣ гашта, оқибат дар пеши бобои аттораш пайдо мешуд. Бобояш одами меҳрубон буд, ба вай чанд танга медод. Ва  Қурбон зуд ғайб зада, ба ивази он пулҳо яхмос мехарид. Як дафъа ҷуръат карда, ба кинотеатр рафту мустақилона филме ҳам дид. Сипас хонаи холаашро пеш гирифт, ба тавре меҳмон шуд. Рӯзи дуюм он қадар хуш напазируфтанд. Рӯзи сеюм баҳона пеш овард, ки аз муаллима ҷавоб пурсидааст. Холааш ҳайрон шуда бошад ҳам, чизе нагуфт. Дар боғи онҳо анҷиру олуи сиёҳ чида хӯрд…

Бегоҳӣ хона омада, ваҷоҳати падарашро дигаргун дарёфт. Вай рӯи кат нишаста буд. Наздаш хонд ва пурсид:

– Куҷо будӣ?

– Дар мактаб… баъди дарс футболбозӣ кардем.

– Ин хел бошад, барои чӣ муаллима аз паи ту ҳамсинфатро фиристод? Ман ба мактаб рафтам. Фаҳмидам, ки ту се рӯз боз гумном будаӣ…

– Ман… ман…

Чунин ранг гирифтани вазъиятро ҳаргиз чашмдор набуд. Зиёда аз он, ҳоло вай ба худ наомада, падар аз таги кӯрпача навдаеро берун оварду ба банди пояш чанд зарба зад. Сахт зад. Баъдтар почаи шимашро бардошта дид, ки паи навда суп–сурх рах баста, якзайл месӯзад…

Аммо дардро чандон эҳсос накард, чунки фикру зикраш акнун побанди он буд, ки фардо – охир вай ҳатман фардо мерасад, – чӣ гуна ба рӯи муаллимаву ҳамсинфонаш менигарад. Аз эҳтимол дур нест, ки пас аз гурезпоӣ ӯро дар кунҷи синф рост мемонанд. Ин айб мешавад, айб…

 

* * *

Замоне, боз ҳам дар айёми бачагӣ, Қурбонро мисли ҳозира рост монда, шармсор, балки маҳкум карда буданд… Ҳарчанд нағз мехонд дар  спектакле, ки худи мактаб намоиш медод, ба вай нақши талабаи танбалу дарсгурезро супурда, рафтору кирдори нохушашро дар шӯрои синф муҳокима мекарданд. Он духтарак, ки Нисо ном дошт, ба ҷои муаллима буд…   

– Вақте ки номатро мегиранд, аз ҷоят хез! – ҷиддӣ гуфт ӯ.

Қурбон сархам меистод. Ҳамсинфон як–як мазаммат намуда, танбеҳи сахт мехостанд, то ки оқибати ӯ ба дигарон ибрат шавад.

«Муаллима» аз вай чашм наканда, дарси тарбияаӣ гузаронд. Нигоҳашро аз ибтидо то интиҳо эҳсос мекард Қурбон. Эҳсос мекард, ки ин саҳна барояш ниҳоят мақбул аст. Дар зери танҳо «шарму ҳаё» сурх шуда аз рӯяш арақ мешорид. Сар бардошта наметавонист. Фақат гоҳ–гоҳ дуздида сӯи «муаллима» менигарист. Ва лаззат мебурд, ки дар спектакл бошад ҳам, духтарак дурудароз бо ӯ, танҳо бо ӯ гуфтугӯ мекунад, ғами ӯро мехӯрад…

Аҷаб ҳоли ширин дошт…

 

* * *

Дар куҷое ки бошад, ҳангоме боди сахт вазида, борони сел меборад ва ҳаво сард мешавад, чор девори каҳгили бомаш хаспӯш, ки тани одамро аз рутубат эмин медорад ва аз ин рӯ қаср тофта, қиматаш даҳчанд меафзояд, – чунин кулба маънии дигар пайдо мекунад. Ба ҳар ҳол, дар тасаввури Қурбон ҳамин тавр аст. Вале дар ҳабсхона ҳама чиз барояш беқурб шуд. Ба ҷуз хотира – некиву бадиҳояш, ҳарфи мулоиму дурушташ, шодиву ғамҳои эҳсос намудааш. Қурбон фаҳмид: назди беморе, ки дардаш бедавост, азобаш алиму рӯзаш башумур мондааст, кулли боигарии дунёро оварда монад ҳам, ҳатто ба чени хаси кӯча қадр пайдо намекунад. Зеро медонад – ба ӯ дигар чизе зарур нест. Ва ӯ ҳам дигар ба касе лозим намешавад. Ҳатто ба худаш. Чил риштае, ки касро ноаён ба одаму олам мепайвандад, ҳама кандаву рехта…

Дили Қурбон буғз мекард, тоқати нишастан ҳам надошту аз девор то девор қадам задан ҳам. На шаб хоби ҳалол, на рӯз… Сабрро аз даст дода, дарро кӯфт. Посбон сӯрохи онро кушод:

– Чӣ мехоҳӣ? Лақидан мумкин нест.

– Дар дунё чӣ гап?

– Дунё барои ту, саги сӯзанхӯрда, торик аст.

– Бало ба пасат, фақат ту таъна накарда будӣ… Кар ҳам заду кӯр ҳам зад, пасмонда кулӯх ҳам зад.

– Кулӯхаш чӣ, сангаш чӣ – барои ман фарқ надорад.

– Шояд газета ҳаст…

– Як поят дар канори ҷаҳаннаму газетаро ба сарат мезанӣ?

– Мехонам, каллаварам!

– Хайр, майлат, ба ҳар ҳол, одамбашараӣ. Як дафтари хотира ҳаст. Мешавад?

– Дафтари кӣ?

– Аз ҳамқабилаҳои худат. Чоп кунанд, аҷаб бозоргир мебуд.

Посбон аз бағалаш як дафтари ғафси фарсударо баровард. Ва дарро кушода гуфт:

– Дуртар ист. Бе ин ҳам қоидаро вайрон кардам.

Қурбон канор рафт.

Посбон аз дари нимроғ ба рӯи фарш ҳаво дод.

– Дар қабаташ қалам дорад. Ҳама орзуятро навис. Шояд ягон кас хонад…

Баъд аз маҳкам шудани дар Қурбон дафтарро аз замин бардошт. Посбон аз сӯрохӣ боз такрор кард:

– Навис! Фақат орзуҳоятро навис!

Ба ёди Қурбон латифаи Афандиву занаш… ҳалқаи дору подшоҳ расид. Хост табассум кунад, вале натавонист.

– Кадом орзуҳоро мегӯӣ? Орзуҳоям мурданд! Мешунавӣ?! Мурдаанд…

Пештар, айёми мактабхонӣ… хатмкунанда ки шуданд, ҳар кас дафтари хотира мекушод. Расми гулҳоро мекашиданд, сурат мечаспонданд, шеърҳо менавиштанд. Ҳар ки аз оламу одамон ягон таманно дошт… Аввалҳо Қурбон он дафтари хотираашро гоҳ–гоҳ медид, бепарво варақ мезад. Баъд гум шуд. Дар ҳар сурат, кайҳо боз ба чашмаш нахӯрдааст.

Инак дафтари хотираи кадом одами бегона ба дасташ афтод. Хеле варақ зада, фаҳмид, ки ҳусни хат гуногун, яъне аз як кас не. Онро эҳтимол даҳ–дувоздаҳ маҳкумшуда навиштаанд. Кӣ як саҳифа, дигаре ним саҳифа… Кадом танбале фақат имзояшро сабт намудааст.

– Э–ҳа–а, ин дафтари таърихӣ–ку! – гуфт Қурбон, овоз бароварда.

«12 декабри соли 199…» Рақами чорумро аз чӣ боис, ки кӯр кардаанд. «Ҳабдаҳ–ҳаждаҳ рӯз шуд, ки маҳбусам. Пагоҳ–фардо ҳисоби рӯзу шабро гум мекунам. Аслан чӣ фарқ дорад? Вазъиятам аҷоиб, ҳар субҳ бедор шуда, мегӯям: имрӯз охирин рӯз… туро ба қатл мебаранд. Омода бош… Ҳафт рӯзи аввал сахт душвор буд. Баъд тан додам. Худкардаро даво нест. Акнун рӯз ҳам интизорам, шаб ҳам. Аммо ҳеҷ не ки омада баранд. Куҷо мебаранд, дур аст ё наздик, ҷаллод куҷост, – намедонам. Ҳеҷ кас хабар надорад, хабар дошта бошад ҳам, намегӯяд…»

«Бало занад маро! Одамони шинос дигар на зиндаамро мебинанд, на мурдаамро. Хайрият, аз хешу табор, мардуми ҳаммаҳалла дурам. Агар не, ба чашми онҳо чӣ тавр нигоҳ мекардам?! Вале дилам ба падару модарам, хоҳару додарам, зану бачаҳоям месӯзад. Онҳоро сархам кардам. Дар пеши мардум рӯсиёҳ монданд. Хайр, ду–се рӯз пас, шояд ҳамин рӯз, ҳукмномаро ба иҷро ки расонданд, азоби ман анҷом меёбад…»

«Хуб кайфу сафо кардам, давр рондам. Пул, ки беҳисоб буд, зоти зан чун мӯру малах мечаспид. Лекин ҳамтабақҳои худам маро фурӯхтанд. Ба озодӣ мебаромадам, як–дутоашро гунҷишк барин сар мекандам. Рост мегӯям, дар бачагӣ қирон меовардам ба номи паранда. Акнун… имрӯз ё фардо маро мекушанд. Фарқ надорад, бигузор паронанд, ба дор кашанд. Ман аз марг ҳарос надорам».

«Ҳама ҷасорату далерие, ки доштам, тӯли ин чанд рӯз барбод рафт. Маро торафт даҳшат мегирад. Ҳар шаб ҷасади сарду берӯҳи худро хоб мебинам. Дод гуфта мехезам…»

«Дер ё зуд ҳама мемиранд. Гумон мекардам, се–чор рӯз пас девона мешавам. Вале афсӯс ки не, ақлам дар ҷояш барин. Киноҳои дидаам ё ҳикояту ривоятҳои хондаам зинда барин пеши назар меоянд. Ба ягон нуқта чашм дӯхта, нохост мебинам, ки мани маҳкумшударо ба деги калони пур аз равғани ҷӯшон мепартоянд. Пештар зинда ба зинда гӯронда буданд. вақте пӯсти баданамро меканданд, гов барин дод мезадам. Вале ҳатто худам овозамро намешунидам. Азоби гӯшношунид буд ҳангоме мехостанд, ба гулӯям сурби обшуда резанд. Боре тӯъмаи даррандаҳо мекарданд. Хомохом. Қариб аз хотирам рафтааст, ки дар зери чархи дандонадор партофта, устухонҳоямро шикастанд. Заҳр хӯрда мурдан ҳеҷ гап не, аммо бераҳмона чордарон ва аз ҳама охир сарро аз тан ҷудо кунанд, намедонам аҳволат чӣ мешуда бошад… Маро ба дасти авлоди одамони куштаам додаанд. Ва онҳо мижа назада, сангборонам карданд… Чанд сол пеш буд ин. Маро то қатлгоҳ бурда, бастанд ба сутун. Маҳкам бастанд, як рагам намеҷунбид. Сонӣ бо анбӯр пора–пора гӯшти баданамро меканданд, аз сарам равғани доғ мерехтанд. Танам месӯхт, бӯи бад паҳн мешуд. Ниҳоят ду дасту ду поямро бо арғамчин ба чор асп бастанду ҷонваронро ба чор сӯ, чунон ки чор тарафат қибла мегуфта бошанд, чорхез занонданд. Ин ҷазоҳоро дида, ба бераҳмӣ ҳам, ба мурдан ҳам бепарво менигарам…»

Қурбон ба даҳшат омад, дасту пояш ларзиданд. Дафтарро ба рӯи фарш партофта, фарёд кард. Садояш аз девор ба девор, аз сақф ба фарш бархӯрда, сарсону ҳайрон танин меандохт. Гӯшҳояш қуфл заданд…

* * * *

Ҳар субҳ ба ҳаёти инсон шабоҳат дорад. тавлид мешавад… Зоҳиран ноаён, зеро кам андар кам одамон зуҳури сапедадамро мушоҳида кардаанд. Агар ҳамон лаҳзаи муассири дамидани субҳро дидан насиб карда бошад, кас мефаҳмад, ки вай чӣ қадар асрорангезу дилрабост, ва чӣ хосияти нодир дорад. ба аҳли олам, ки ғарқи хоб, ғами вақту соатро намехӯрад, аз фаро расидани рӯзи нав дарак медиҳад, равшанӣ меорад. дар воқеъ, ҳар зуҳуроте, ки нур меафканад, мӯъҷиза аст. Ба ин хосияти субҳ мо, инсонҳо, донам–надонам одат кардаем, онро табиӣ мепиндорем…

Ситорагони осмон бо чашми ҳайрат нигариста, як–як мижазанон аз назарҳо нопадид мегарданд. Равшании субҳи содиқ кулли мавҷудоти зиндаро ба ҷунбиш меорад. Ҳоло низ шарофати он ба саҳрои нопайдоканори писарак ва садои ғукҳои хокию обӣ ва ғуввоси шамол ба ҳам печиданд.

Дашт бедор мешуд.

Дари кӯҳна ва фарсудаи кулба дар зери бод ғиҷиррос мезанад. Оҳи шамол онро оҳиста мекушояду мепӯшад. Ва боз ҷинчароғи хирасӯз, ки сари тоқча гузоштаанд, дохили манзилро андак равшанӣ мебахшад. Дар мобайни кулба пиразану ду наберааш – яке гаҳворабанд, ва дигаре ҳамон писараки дувоздаҳ–сездаҳсола… хобанд. Шамол ногаҳон навозишро бас карда, ғуввосзанон аз болои пиразан рӯйҷояшро поин мекашад.

… Ӯ ҳамон лаҳза чашмонашро кушод. Дар ибтидо орому хотирҷамъ аз ҷогаҳ хест, баъд фаҳмид, ки вазъи кунунии худро дуруст дарк карда наметавонад. Ба ҳар ҳол, дар вуҷудаш тарс нест, вале ҳаяҷону изтироб эҳсос мешавад. Бо вуҷуди ин дилашро бақувват ёфта, лабонаш моили табассум гардиданд. Шукр гуфта берун баромад, ба атроф нигарист, ба осмон чашм давонд. Шамол ғайб зада буд. пиразан ба суфа нишаст; нишасту ба андеша рафт. Гӯё субҳидами имрӯза бо саҳаргоҳони пешин ҳамсон набуд. Ё ба назараш чунин тофт. Тавба… Ғарқи фикру хаёл баногоҳ нурро дид – пайхас кард, ки онсӯтар рӯи замин шамъ месӯзад. Назди равшанӣ рафт. Ва дид, ки дар паҳлӯи он китобе… Филҳол фаҳмид, ки қадимист. Беҳолу баҳол ва дар банди ҳайрат атрофи шамъро як маротиба давр зад, сипас дуюм бор… ва саввум… Ин замон аз боло баргҳои сабз рехтанд. Калон, майда… ҳама ба рӯи китоб мерехтанд…

Пиразан лаҳзае сукут карду рӯймолашро аз сар гирифта, баргҳои сабзро дар он гирд овард. Аз боди сабук тора–тора мӯи хокистаррангаш меларзид. Нишасту ба китоб нигарист… Пас дудаста гирифта бӯсид. Ба чашму абрӯвонаш молид, ба қафаси синааш зер кард.

Ин лаҳза садои маъюси бузро шунид. Бузи башир, банди гарданашро ба дарахт бастаанд. Китобро эҳтиёткорона аз болои баргҳо дар рӯймол бардошта, тарафи буз рафт. Баъд нигоҳашро ба танаи дарахт дӯхта, як маротиба дар гирдаш тоб хӯрд. Ва рӯймолро ба шохи нӯгаш шикаста овехт…

Диққати писараки чашмонаш хоболудро ҳам шамъ ба худ мекашад. Ӯ мутаҳайир аз ҷогаҳ хеста, берун мебарояд. Ва хаёломез гирдогирди шамъ чарх мезанад. Аз шӯълаи он чашм наканда, сари зону менишинад…

Пиразан шир меҷӯшид. Модабуз сарбаланд ба дуриҳо нигариста, чашмонаш роғ, ором меистод. Писарак ҳанӯз аз олами рангини хаёл раҳоӣ наёфта, пурсил:

– Бибиҷон! Ин шамъро шумо даргирондед?

– Не, ҷони бибӣ.

– Пас кӣ? Аз куҷо пайдо шуд?

– Намедонам…

– Аҷоиб…

– Ин шамъ дар торикиҳо роҳатро равшан мекунад, ба дилат нуру сафо мебахшад. Тану ҷонатро гармӣ медиҳад…

– Лекин гӯед, бибиҷон, охир…

…Пиразан косаи ширро оварда, ба наберааш дароз мекунад.

– Бинӯш!

Писарак менӯшад. Пиразан косаро гирифта, паҳлӯи шамъ мегузорад.

– Мо бояд равем, – мегӯяд ба наберааш.

– Куҷо?

– Ба истиқболаш… Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки зарур аст ба нур омезем.

Писарак чашмонаш дурахшида, ба модаркалон менигарад. Аҷаб! Ба бибиҷонаш чӣ асар карда бошад? Шояд ҳарза мегӯяд…

Баъд назараш ба рӯймол меафтад, ки пиразан ба шохи дарахт овехта буд. Нурпошӣ дошт вай. Чашмонашро мерабуд… Худи писаракро низ… чун оҳанрабо! Вай ҳанӯз чизе нафаҳмида, рӯ ба он нуқтаи нурафкан равон мешавад. Тифли даруни гаҳвора бо дастаконаш болопӯши онро мекушояд ва рӯ ба сӯи нур мегардонад. Ангуштаконашро дароз мекунад. Пиразан ба манбаи нур торафт наздик мешавад, мерасад ба вай. Вале ҳамоно мебинад, ки нопадид гаштааст нур. Чашмонашро мемолад. Боз менигарад. Не, рӯймол овезон аст, аммо нур намепошад… Писарак ба пиразан менигарад. Ва тобу тавонаш рафта, ба ҷонибаш медавад. Менишинад. Сар ба зонуи модаркалон гузошта, мегӯяд:

– Ман фаҳмидам, бибиҷон. Ба хаёлам, фаҳмидам… Нарафтан имкон надорад. Медонам, ки ба куҷо бояд равам… Ҳар лаҳза ғанимат, бибиҷон, биёед, шитоб кунем.

Ҳар ду мебинанд, ки тифли гаҳворабанд низ дастони нозукашро меёзонад. Гӯё талош дорад, ки ҳамроҳ баранд…

– Хез, писарам, хез, ки дер шуд. Офтоб баромад.

Пиразан худ таги дарахт рафт ва ҳамон рӯймолбандро, ки дар нӯги шох овезон меистод, ба даст гирифт. Писарак хӯрҷини пурборро, ҳамааш тӯшаи роҳ, ба китфаш андохт.. ва бибиву набера якҷоя қадам бардоштанд…

– Худо роҳамонро сафед кунад, мушкиламонро осон гардонад…

Хуршед воқеан ҳам чеҳраашро пурра боз намуда, рӯи осмони нилгун ҷо–ҷо абрҳои сафеди беғубор намоёнанд.

Тахмин сад метр масофаро паймудан пас писарак ба қафо, ба ҷониби хонаашон нигарист. Гӯё дилаш гувоҳӣ медод, ки манзили бачагиашро охирин бор мебинад. Намедонист, ки ягон рӯз баргаштан муяссараш мегардад ё не? Ҳарчанд…

– Хавотир нашав, феъли модаратро медонам. Якравиаш тӯл намекашад. Дертар бошад ҳам, меояд. Боз ба ҳам вомехӯрем. Ҳатман…

Писарак бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонда, чаққон ба роҳ даромад.

Ин дам аз ҷониби дигар, банди калони алаф дар болои сар, якта–якта қадам монда, келин омад. Алафро ба кунҷе партофту хам шуда, зонуҳояшро дошт, сипас қоматаш рост кард. ба баландиҳо назар дӯхт, кабудии осмон чашмонашро рабуд, ҳатто сараш андак чарх зад. Баъд ӯ ба атроф нигарист. Чеҳрааш бағоят хаста, мӯйҳояш қадре парешон… Нигарист–нигаристу баногоҳ дарк намуд: ҳавлӣ холист. Дар қарибии остонаи кулба шамъи сӯзонро дид. Хаёлолуд ба дарун қадам монд. Ҷогаҳҳо ноғундошта, тифлакаш ҳанӯз дар гаҳвора ғарқи хоб… Касе ё овозе ӯро ба берун хонд. Баромад. Аз кунҷе садои доира афсурда ба гӯш расид. Садо кунд, аммо якмаром буд. Дар ҳавои он се маротиба гирд–гирди шамъи фурӯзон чарх зад. Ва лаби суфа нишаст…

Дар ғиҷиррос зад. Шамол андак қувват гирифта, онро пӯшонд. Ва танҳо ҳамин лаҳза зан кулчаи як лабаш газидаро дар тори дар овезон дид. Бештар ба ҳайрат омад. Кулчаро гирифта, ба тарафе, ки пиразану набера равона буданд, дуру дароз чашм дӯхт. Нигоҳи тарсолудаш ҳарисона пай меҷуст.

Занро аз олами хаёлот гиряи тифл берун овард. Кулчаи лабгазида дар даст, вай пеши гаҳвора рафт. Писаракаш мегирист, ғаш мекард, дастак мезад…

Гиряи кӯдак мусиқиро мемонд, аммо берабт… Ба рӯи вай назар афканда, равон дар лабон, ки кайҳо инҷониб аз бӯса маҳруманд, табассум нақш баст. Дидагонаш ба кулба одат карда, атроф равшан тофт. Мусиқӣ гум шуду боз ғаши писаракаш баланд… Зан пеши гаҳвора нишаст. Нони лабгазидаро ба қафаси синаи кӯдак гузошт. То ки вай бӯи нонро ҳис кунад. Ва писараки рӯяш мисли шир сап–сафед аз гиря бозмонда, худ ба худ кадом ҳарфҳоро гӯё талаффуз мекард. Шояд чизе мегуфт, аммо матлабаш номаълум… Ба ҳар ҳол чашмонаш барқ мезаданд, ангуштонашро гоҳ мушт мекард, гоҳ мекушод.

Дари кулба ғиҷирросзада, лаҳзае руст мешуду лаҳзае боз…

Шабҳо хобаш гурехта, ӯ соатҳо дар банди фикру хаёлҳои печ дар печ мемонд. Хоса, ки ба ҷуз ҷарангосу шараққоси қуфлу калиф ва рох гаштани навбатдор – ҳамин ҳам гоҳ–гоҳ, – дигар садои бегонаро намешунид… Баногоҳ аз ҳайрат мижа зад, чашм пӯшиду кушод, аммо бовараш наомад, ки ду нуқтаи дурахшон наҷунбида ба ӯ менигаранд. Охир, шиносанд он нуқтаҳои нурафкан, ҳанӯз аз хурдӣ…

– Омада–омада, наход ба панҷ–даҳ сӯм зор шавем? – ин сӯву он сӯ қадам зада, ночор мегуфт падараш.

– Хайр, барои зисту зиндагӣ, хӯрду хӯрок сарф шуд, – сабаб пеш меовард модараш. – Фардо рӯзи маош, ҳеҷ гап набудагист…

– Ба ман имрӯз даркор, пагоҳ ба сарам мезанам?! – асабӣ пешуд падараш.

Қурбон ёд дорад, ки модараш пас аз пофишориву якравиҳои шавҳар табассум карда, гуфта буд:

– Бе дурандешии ман, шумоён, мардҳо, намедонам чӣ кор мекардад, рӯзатон чӣ хел мегузашт…

Ҳар ду медонистанд, ки модар бо нозу итоби танҳо ба худаш хос ин ҳарфҳоро мегуфт. Ва суханаш, албатта, рӯидилӣ буданд.. Пас вай ба хонаи дарун рафту як чизи докапечро берун оварда, дар рӯи кат кушод. Диданд, ки муҷассамаи гурба–пуландозак аст. Модар онро афшонд.

– Зарур бошад – раво бошад, гиред, шиканед, – гуфт модар. – Ба умеде, ки дар ягон рӯзи сиёҳамон кор медиҳад, танга–танга сарфа мекардам.

Падар андешаманд сар хориду қатъӣ рад намуд:

– Не, илоҷи дигар пайдо мешудагист.

Қурбон ҳамин тариқ тасодуфан аз як сирри хурди модараш огаҳӣ ёфт…

Рӯзҳо паиҳам мегузаштанду писараки чаҳордаҳсола мавҷудияти гурбачаро тадриҷан фаромӯш мекард. Бо вуҷуди ин аҳён–аҳён ба ёдаш мерасид.

Боре вай ба аҳволи танг афтод. Ба духтараке дар рӯзи таваллудаш ҳатман бояд тҳфа мехарид. Аз падар ё модар пурсиданро ба худ эб надид. Шарм медошт, охир…

Лекин гурбача ба хотираш омад. «Хайр, чӣ, чор–панҷ сӯмашро гирам, модарам пай намебурдагист. Имкон шавад, аз пуле, ки барои мактаб медиҳад, даҳ тин–бист тин ҷамъ карда, ноаён мепартоям. Ҳеҷ гап намешавад…»

Ва пайт меҷуст. Поидан дер накашид. Як шаб баҳона пеш овард, ки танҳо монда, дар хонаи дарун вазифаи хонагӣ тайёр мекунад. Зеро медонист – баробари садо додани калимаи «дарс» барои ӯ ҳамаи дарҳо худ ба худ кушода мешаванд…

Шаби аввал аз қабати кӯрпаҳои нав, ки модараш ба нияти тӯи домодии писараш дӯхта мондааст, гурбачаи гаҷини пуландозакро ёфт.

Ғайричашмдошт вай хеле вазнин буд. Бо нӯги кордчаи кисагиаш оҳиста–оҳиста сӯрохиашро тарошида, андак васеъ кард. Ва чаппа дошт. Аз даруни он фавран ду танга – понздаҳ ва бисттина афтод. Тангаҳо олудаи хокаи гаҷ буданд.

Акнун қариб ҳар рӯз, аксар вақт бегоҳиҳо, Қурбон танҳо дар хонаи дарун «дарс» тайёр мекард. Рафта–рафта ин одаташ мунтазам шуд. Аввалҳо меҳаросид, хавотир мекашид, ки мабодо касе дарояд, ё модар вазнашро гум кардани гурбачаро фаҳмад. Баъдтар ин хавфаш гум шуд…

Ва рӯзе аз мактаб баргашта, дар рӯи кат модарашро дид. Дар назди ӯ  пораҳои шикастаи гурбаи гаҷин парешон мехобиданд. Модар ашки чашмонаро пок кард…

Ҳарфе ба писараш нагуфт, агарчи дилшикаста менишаст.

Ҳамон шаб ӯ хоб дид: дар хонаи дарун мехост китобдонашро кушояд, аммо наметавонист. Ҳайрон мешуд, ки чаро куфлу калид надораду кушода намешавад. Сонӣ якбора чароғ мурд: барқ қатъ гашт. Равшание ба чашм намерасид. Ногаҳон садои «мияв–мияв»–ро шунид. Ва ҳамон лаҳза ду чашми рахшони ҷонварро дид. Баъд гурба хандид. Қоҳ–қоҳ зад…

Он хоб вазнинтарин хоби даврони бачагиаш буд. Ва он ду нуқтаи дурахшон солҳои сол гоҳ–гоҳе пеши назараш падид меомаданд, гӯё ҳамеша дар таъқиб буданд…

Лекин акнун дар маҳбас ду нуқтаи рахшонро дида, дигар ба ҳарос наафтод. Бовараш комил аст, ки ин мулоқот охирин аст, пас дигар ҳоҷат ба тарсидан нест.

Бо вуҷуди ин Қурбон сар хам карда, рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшид… Хаёлаш, ки модар то ҳанӯз дар болои кат нишаста, ба вай нигоҳ дорад.
Search