Friday, 04.26.2024, 0:37 AM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Essay_1

Хусусиятҳои типологии китобхонаҳои илмӣ.

Масъалаи типологияи китобхонаҳо дар гузаштаи наздик.

Типология ин синтези умумӣ ва махсус, монандӣ ва фарқият мебошад.  Типологияи китобхонаҳо усули таҳқиқи илмӣ мебошад, ки дар асоси ба гурӯҳҳо тақсим намудани махсуси маҷмӯи китобхонаҳои омӯхташавандаҳо бунёд шудааст.

Фароянди ҷудосозӣ—типологизатсия мебошад, натиҷаи он бошад—типологя. Типологизатсяи барои он даркор аст, ки ё бисёр китохонаҳои гуногунтаркибро бояд мураттабан тасвир намуд, ё бояд дар асоси таҳлили чунин гуногунтаркибӣ баъзе аз қонуниятҳоро муқаррар кард. Дар фароянди типологизатсия баробар ду вазифа иҷро мегарданд—назариявӣ-таҳқиқӣ ва амалӣ. Вазифаи назариявӣ-таҳқиқӣ аз ҷамъоварӣ ва таҳлили далелҳое, ки ба фаъолияти китобхонаҳо хос мебошанд иборат аст, бо мақсади ошкор намудани қонуниятҳои объективии амал кардан ва инкишофи типологии китобхонаҳо. Аммо типологяи китобхонаҳо фақат аз омӯзиши муқоисавии аломатҳои воқеии китобхонаҳо ва а намуду типҳо ҷудо кардани онҳо иборат нест. Вазифаи дар амал  татбиқшавандаи типологияи китобхонаҳо иборат аст аз коркарди тавсияҳо доир ба ташкилсозӣ ва такмилсозии фаъолияти китобхонаҳо.

 

Як масъалаи муҳими назариявии китобхонашиносӣ дар коркарди типологияи китобхонаҳо дар асоси пайдосозии аломатҳои ягона ва хоса мебошад, ки имкон медиҳад сохтори гуногунҷабҳаи китобхонаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо карда шавад.

Ба сифати воҳидҳои асосии гурӯҳбандии китобхонаҳо мафҳумҳои "тип” ва "намуд” гирифта мешаванд, ки маънои намуна, модел, гуногунӣ доранд ва ба гурӯҳи китобхонаҳои дорои аломатҳои муносиб мувофиқ мебошанд.

Дар баробари ин, китобхонаҳоеро, ки бо аломати асосӣ (типологӣ) гурӯҳбандӣ шудаанд, тип меноманд, вале китобхонаҳои дар фароянди детализатсияии баъдина сохташударо намудҳо ва зернамудҳо меноманд.

            Типологияи китобхонаҳо фақат аз омӯзиши муқоисавии аломатҳои асосии китобхонаҳо ва ба типҳо ва намудҳои муайян ҷудо кардани онҳо иборат намебошад.

Он байни вазифаҳо, функсияҳо, алоқаҳо, муноибатҳо, дараҷаҳои ташкилотии китобхонаҳо вобаста аз ин ё он хосияташон, тафриқа мегузорад. Ин бошад дар навбати худ, яке аз шартҳои кори самараноки китобхонаҳо аст. Бо дарназардошти тип ва намуди китобхона, хусуссиятҳои умумӣ ва хосаи фаъолият, имкон ҳаст, ки бомақсад таркиб ва сохтори бунёдҳоро мураттаб намуд, дархостҳову талаботҳои хонандагонро қонеъ кард, ташкилёбӣ ва амал кардани дурусти сохтори ягонаи китобхонаҳоро дар асоси тахассус ва ҳамкории онҳо кафолат дод, мудирияти босамари кори китобхонагиро ба роҳ монд ва ғайра.

Типологияи китобхонаҳо инъикосгари ташаккул ва инкишофи кори китобхонагӣ, бунёдшавӣ ва рушди китобхонаҳои нав, мураккабгардии функсияҳои китобхонаҳо, сохтор, ҳамкорӣ ва ғайра, мебошад.

Дар солҳои аввали ҳукумати Шӯравӣ аксари китобхонашиносон се типи китобхонаҳоро ҷудо мекарданд: оммавӣ, илмӣ ва мактабӣ. М. А. Потапов бар зидди фарқгузорӣ байни китобхонаҳои оммавӣ ва илмӣ баромад. Ӯ чунин мепиндошт, ки чунин қиёсгузорӣ ва ҷудосозӣ бар он асос медиҳад, ки китобхонаҳои илмиро бо китобхонаҳои оммавӣ муқобил гузорем ва чунин ҳисобем, ки китобхонаҳои илмӣ танҳо барои олимон мебошанд ва оммавӣ танҳо барои омма. Аз ин сабаб ӯ китобхонаҳоро ба ду тип ҷудо мекард: универсалӣ ва махсусгардонидашуда. Ӯ дар асоси таркиби бунёдҳои китобхонаҳо чунин тақимот мекард.

И.М. Фрумин на дар асоси барои кадом хонандаҳо мувофиқ будани китобхонаҳо гурӯҳбандӣ мекард, балки дар асоси хусусияти дархосту талаботҳои хонандагон. Ин сабаби ба ду тип ҷудо кардани китобхонаҳо оварда мерасонад—оммавӣ ва илмӣ. Китохонаҳои оммавӣ барои қонеъ кардани талаботу дархостҳои умумӣ-маърифатӣ мебошанд, китобхонаҳои илммӣ бошанд барои қонеъ намудани талаботи илмӣ-тадқиқотӣ, саноатӣ-истеҳсолӣ ва омӯзишӣ.

Дар солҳои 50-60 О.С. Чубарян китобхонаҳоро мувофиқи таъиноти хонандагиашон ҷудо мекард ва ду намуди асосии китобхонаҳоро фарқ менамуд: оммавӣ; илмӣ ва махсус. Аммо, ӯ мефаҳмид, ки барои фарқгузорӣ байни ҳама гуногунии китобхонаҳо ин намудҳо кам ҳастанд ва аз ин рӯ пешниҳод мекард, ки ба ин ду намуд дигар аломатҳои дуюмдараҷа (масалан, аломатҳои вобаста ба тааллуқ доштан ба муассисаҳо) илова гардида шаванд ва китобхонаҳо мувофиқан ба дигар намудҳо тақсим шаванд.

Дар коркард ва ташаккули типологияи китобхонаҳо аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда, муҳокимае, ки аз ҷониби редаксияи маҷмӯаи "Китобхонаҳои илмӣ ва техникии ИҶШС” дар солҳои 1978-1980 ташкил шуда буд, нақши назаррас бозид. Мувофиқи ақидаи умумии иштирокчиёни ин муҳокимаҳо, аз аломатҳои умумии аз ҷиҳати арзиш нобаробари типизатсия (доираи хонандагон, хусусияти дархостҳо, мавзӯҳо ва бузургии таркиби бунёдҳо, ҳудуд, муассиса, мавқеи ҳуқуқӣ ва дигар.) лозим буд аломатеро ҷудо намуд, то ки он тавонад ҳастии асосии китобхонаро ҳамчун муассисаи ҷамъиятӣ нишон диҳад. Яъне, ин аломати якумдараҷа мебошад, нисбат ба аломатҳои дуюмдараҷа ва баъдина. Беш аз ҳама ба ин талабот таъиноти ҷамъиятии китобхонаҳо ҷавобгӯ буд.

Масъалаи типологияи китобхонаҳо дар замони мо.

Назарияи китобхонагӣ на дар кишвари мо ва на дар кишварҳои хориҷа ҳоло типологияи илмии китобхонаҳоро коркард накардааст. Китобхонашиносони хориҷӣ ба ҳамон масоилу мушкилоте дучор мегарданд, ки китобхонашиносони маҳаллӣ.

Классификатсияи (таснифи) онҳо на ҳамеша мувофиқат мекунанд ва ҳатто нофаҳмиву печдарпечии терминҳо вуҷуд доранд. Аммо, бо вуҷуди ин, аксари олимон чунин намудҳои гуногуни китобхонаҳоро ҷудо мекунанд: миллӣ, умумӣ (кушода), дарсӣ (таълимӣ), академӣ, махсус. Масалан аз ҷониби ЮНЕСКО чунин классификатсия пешниҳод карда шудааст:

Китобхонаҳои миллӣ.

Китобхонаҳои мактабҳои олӣ.

Дигар китобхонаҳои бузург ва бузургтари универсалии умумидастрас.

Китобхонаҳои дарсӣ (таълимӣ).

Китобхонаҳои махсус (китобхонаҳои Пажӯҳишгоҳҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисавӣ, иттифоқи касаба, осорхонаҳо ва ғ. )

Китобхонаҳои оммавӣ (ё халқӣ).

 

Намудҳои китобхонаҳои илмӣ

Умуман китобхонаҳои илмӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

 

  1. Китобхонаи универсалии илмӣ
  2. Китобхонаҳои махсус.
  3. Китобхонаҳои соҳагӣ.

 

 

Китобхонаи универсалии илмӣ

 

Китобхонаи универсалии илмӣ муассисаи дорои аҳамияти умумидавлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар он бунёди нисбатан мукаммали адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ ҷой дода шудааст. Ин бунёди китобхонаҳои илмӣ бо роҳи ҷамъоварии ройгони ҳатмии нусхаҳои интишоршавандаи адабиёти ватанӣ, харидани муҳимтарин адабиёти илмии хориҷӣ ва додугирифти байналхалқии китобҳо бой мегардад. Барои китобхонаҳои универсалии илмӣ махсусан муҳим аст, то дар онҳо бунёдҳое сохта шавад, ки инкишофи соҳаҳои гуногуни илмиро таъмин намоянд, талаботу дархости кормандони илм ва муахассисони соҳаҳои гуногунро қонеъ гардонанд, маркази иттилоот доир ба иттилот бошанд. Инчунин, китобхонаҳои универсали илмӣ—марказҳои илмӣ-методикӣ ва координатсионӣ ҳастанд, барои ҳама гуна китобхонаҳо ва ҳама китобхонаҳои муассисаҳо.

 

Китобхонаҳои махсус.

 

Китобхонаҳои махсус талаботи касбӣ ва дигар талаботи хусусии гурӯҳҳои махсуси хонандагонро дар асоси бунёди мувофиқ ва дастгоҳи иттилоҷӯ қонеъ мекунанд. Ба дастгоҳҳои иттилоҷӯ дохил мешаванд: патенти-техникӣ, нотавӣ, дастгоҳ барои хонандагои нобино, китобхонаҳои Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ.

Бартарии асосии китобхонаҳои махсус дар он мебошад, ки онҳо ҳар чӣ бештар ба фаъолияти касбии мутахассисони соҳаҳои гуногун наздик карда шудаанд, зеро аз ҷиҳати функсионалӣ ва сохторӣ бо созмонҳои муносиб алоқаманд ҳастанд. Робитаи ин китобхонаҳо бо муассисаҳои иттилооти илмӣ-техникӣ фарқияти хосаи онҳо мебошад.

  

 

Китобхонаҳои соҳавӣ

Китобхонаи соҳавӣ—китобхонае, ки талаботи иттилоотии соҳаи муайяни дониш ё соҳаи фаъолияти амалиро (ҷамъиятӣ-сиёсӣ, илмӣ-техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, геологӣ ва ғайра) бо истифода аз бунёди мувофиқ ва дастгоҳи иттилоҷӯӣ, қонеъ мегардонад. Китобхонаҳои соҳавӣ ба чунин зернамудҳо ҷудо мешаванд:

Китобхонаҳои соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ—иборат аз китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва хусусан китобҳои қадим (зеро онҳо мисли китобҳои техникӣ ва илмӣ арзиши худро аз даст намедиҳанд), дастнависҳо, нотаҳо ва ғ.

Китобхонаҳои илмҳои табиӣ.

Китобхонаҳои техникӣ—иборат аз маҷаллаҳо, ҳисоботҳои техникӣ, стандартҳо, нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои нақшакашӣ-конструкторӣ ва ғ. Дар китобхонаҳои илмӣ китобҳои соҳаи техника ҳар сол бояд нав карда шавад, зеро илму техника ҳар сол пешрафт мекунад.

Китобхонаҳои кишоварзӣ—иборат аз китобҳои мактабҳои олии кишоварзӣ, мавод доир ба иқтисоди кишоварзӣ, ҳаётшиносӣ, растанишиносӣ, мошинасозии кишоварзӣ, экология, мелиоратсия ва ғ.

Китобхонаҳои тиббӣ—иборат аз маводи пажӯҳишгоҳҳои тиббӣ, олимони соҳаи тиб, маҷаллаҳои тиббӣ, дастовардҳои рӯи коғаз навишташудаи олимони тиб аз тамоми ҷаҳон.

 

Хулоса

Дар хулоса бояд қайд кард, ки типологияи китобхонаҳои илмӣ ва хусусиятҳои онҳо бо пешрафти илму техника ва талаботи хонандаи муосир дигаргун хоҳад шуд. Аллакай дар дунё бисёр китобхонаҳои илмӣ ба тариқи интернет пешниҳод мегарданд.

Тоҷикистон низ аз ин имкониятҳои мураттабсозӣ ва бунёдгузории китобхонаҳои илмии замонавӣ мувофиқи типологияи ҷаҳонӣ бояд истифода барад, то талаботи хонандагони ниёзманд ба ин гуна китобхонаҳо дар вақташ ва самаранок қонеъ карда шавад. 

Search