Friday, 04.19.2024, 11:40 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Кошифӣ_1

Футуватномаи Султонӣ, Ахлоқи Мӯҳсинӣ, Рисолаи ҳотамия.

 

Назаре ба «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи мӯҳсинӣ» ва рисолаи «Ҳотамия».

          Футувват яке аз ҷараёнҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию фалсафии гузаштагонамон буда, ҳанӯз аз давраҳои пеш аз ислом ҳамчун зодаи ҷомеаи табақоти авҷу нумӯъ ёфтааст ва асоси ба табақаи аҳли меҳнати шаҳр – ҳунармандону косибон таалуқ дошта, вобаста ба пешравии ҳаёти шаҳри асримиёнагӣ дар рушду камол будааст. Футувват истилоҳи  қадимаи он ҷавонмардӣ ки решаи паҳлавӣ  дошта дар замони Сосониён ва дар китоби «Авесто» чун истилоҳи ахлоқи иҷтимоӣ дар қолаби вожаҳои некманиш, некгуфтор, неккирдор ва фазилатҳои чоргонаи маънавию рӯҳӣ: фарзона, додвар, парҳезгор ва далер рехта шудааст, аз бисьёр  унсуру падидаҳои оинҳои тоисломӣ аз қабили зардуштиву монавӣ, маздопарастиву маздакӣ ғизои маънавӣ гирифтааст…

          Сайри  таърихи ин ҷараён бисьёр рангоранг буда, аз замонҳои пеш аз ислом то асри Х1Х ва аввали асри ХХ, яъне то айёми ҷавони Айнӣ, ному истилоҳҳои гуногунро ба худ қабул карда будааст.

          Аз замонҳои пеш аз омадани арабҳо дар Суғду Бохтар, дар ҳама шаҳрҳо монанди Самарқанду Бухоро, Марву Нишопур, Истаравшану Хуҷанд ва Шошу Сиистон, дар байни табақаи аҳли касаба пешавару санъатгар одоб ва мақомоти хосе вуҷуд дошт. Онҳо меҳмонавозӣ ва ёрирасонӣ  ба бани одамро  асоси зиндагии худ медонистанд. Дар «Авесто» ин маънӣ хеле хуб  акс ёфтааст: Шаҳриёрӣ аз он касест, ки ба бародарони нотавони худ кӯмак. Падидаи дигари футувват – ҷавонмардиро дар ҷунбишҳои иҷтимои Маздак мушоҳида менамоем. Бояд гуфт, ҳаракати Маздак низ ба рушди шаҳрҳо ва камолоти ҳунармандӣ вобастагии қавӣ дорад.

          Маздакиён мегуфтанд: «Ҳеҷ чизро набояд аз меҳмон дареғ дошт, аз ҳар тоифа ва миллате ки бошад, ҳатто нисбат ба душманон ҳам боистӣ бо меҳрубонӣ ва утуфат рафтор кард». Ба назари Маздакиён нобаробари дар байни одамон ва умуман дар ҷамъият аз решаи  кину рашк ва хашму ҷанг аст. Ҳамоно ин сабабест, ки зиндагии башарро тира сохтааст. Агар нобаробарӣ дар истифода аз неъматҳои моддӣ аз миён  бардошта шавад, пояи иҷтимоии он низ ва аз миён хоҳад рафт.

          Бояд гуфт, ки бахшандагиву саховат ва инсофу мардумӣ дар оини Маздак писанди ҳамагон шуда, дар равиши ҷараёни  ҷавонмардӣ низ бе таъсир намондааст: «Мол бахшидаест миёни мардумон, ки ҳама бандагони худои таолоанд ва фарзандони одаманд ва ба чӣ ҳоҷатманд кардан бояд?  Бигузор  аз моли  якдигар харҷ кунанд, ҳеч касро беборагӣ набошад».

          Баъд аз ғалабаи  ислом дар Мовароунаҳру Хуросон ҷавонмардӣ  аз байн нарафт, балки ба замми  хусусиятҳои ахлоқи ҷиҳати иҷтимоияш боз ҳам камол ёфта, пайравони он дар гирди раисони худ дар шаҳрҳои  бузург ҳар чӣ бештар муттаҳид мегардиданд. Футувватдорони  ҷавонмард дар афкорашон чизи аз ҳама  муҳим ва муқаддас озодӣ ва ободии ватанро медонистанд. Ин буд, ки дар шаҳри Марв Абӯмуслим ба хуруҷи зидди  уммавиҳо сар бардошта, тамоми ҷавонмардони ин сарзаминро дар атрофии худ ҷамъ намуд. Абӯмуслим, ки ба табақаи поёнии ҷамъият мансуб буду азобҳои ногувори бегонагонро чашида куштори ҳазорон мардуми меҳнатиро аз тарафи арабҳо бо чашмони худ дида буд, ба ҷараёни бостони ҷавонмардӣ сахт гаравида, ба шуҷоату саховат обрӯ пайдо  кард.

          Насри Сайёр – амири уммавӣ дар Хуросон дар мактуби худ ба  Марвон, ки охирин халифаи уммавиҳост, дар бораи хурӯҷи Абӯмуслим менависад: «Марди дигаре берун омадааст аз писарони сарроҷон, ки ӯро на асл асту на дин ва гурӯҳе бар вай гирд омадаанд аз фосиқони Хуросон». Аз навиштаи Насри Сайёр маълум мегардад, ки ҷавонмардӣ қабл аз омадани арабҳо ба Мовароунаҳру Хуросон аз ҷиҳати идеологӣ ташаккул ёфта, аз гурӯҳҳои алоҳида ба ташкилоти зидифеодалӣ сурат гирифта будааст. Дар «Равзат-ус-сафо» оид ба кордории  ҷавонмардонаи Абӯмуслим чунин нуктае зикр шудааст: Рӯзе Абулаббос (халифаи аввалини аббосиён – В. К.) аз Абӯмуслим дар ҷавоб гуфт:

          Сабрро шиори худ кардам ва рози худро ба кассе нагуфтам.

Падидаҳои дигари ин ҷараёнро мо дар рафтори Мазайра ҳокими Табаристон мебинем. Шӯрише, ки бо сардории ӯ, ба муқобили хилофати аббосиҳо сар шуда буд, дар муддати кутоҳ тамоми ҳудуди Табаристонро фаро гирифт. Ӯ ба тамоми тарафдорони худ фармон дода буд, ки замин ва чизу чораи феодалҳои тарафдори аббосиҳоро  ғорат кунанд. Инчунин ӯ ба тарафдорони худ фармуда буд, ки бар муқобили аристократияи маҳаллӣ ва ҳокимон, ки ба Аббосиён тақлид карда, ҷомаҳои сиёҳ мепӯшиданд, либосҳои сурх пӯшанд.

          Бояд гуфт, чизи аз ҳама муҳим ва асосии шӯриши Мазайра боз ҳамон ҷиҳати иҷтимоии ҷавонмардӣ буда, масдаи сурхномаро низ ба ин ҳаракати мардона таалӯқ дорад, ки баъдтар дар тамоми рафти воқеаву ҳодисаҳои инъикосгардидаи романи «Самаки айёр»-ро мебинем.

Дар аввалҳои асри V111 мо дар сарзамини Мовароунаҳр давомдиҳандаи кори Абӯмуслим – Муқанаъро мебинем, ки низ барои пешбарии ақидаи сиёсии худ ба ҷавонмардони шаҳрҳои Кешу Самарқанд, Марву Бухоро ва дигар ҷойҳо такья намуда, бо номи расмии «Сафедҷомагон» ба исьёни зидди феодалӣ бархост.

Устод Айни мегӯяд: «Натиҷаи аввалини исьёни Муқаннаъ ҳамин шуд, ки тухми умеди истиқлоли миллиро дар дили оммаи мардуми Хуросон ва Мовароунаҳр кошт ва онҳоро ба ҳамин андӯхт, ки ҳар вақт, ки фурсати муносиб ёбанд ва баҳонае ба даст дароваранд, ба муқобили арабҳо истилогар хуруҷ намоянд ва дар роҳи ба даст даровардани истиқлоли миллӣ ҷангу ҷидол кунанд».

Чунин қиёмҳои пай дар пай кӯшиши халқҳои маҳаллӣ, ки дар байни онҳо пайравони ҷараёни ҷавонмардӣ ҳамчун маҳаки мустаҳками пешбарандаи афкори сиёсию иҷтимои буданд, барои ба вуҷуд овардани ҳукуматҳом мустақили миллӣ дар сарзамини Мовароунаҳру Хуросон шароити нисбатан мусоиде фароҳам меовард.

Яъқуб бештар ба айёрон – ҷавонмардон такья намуда, афкори сиёсии худро ба амал мепайваст. Яъқуб ҳеҷ чизро аз иттифоқчиёни худ дареғ намедошт. Ҳамин камоли саховат ва нияти некбинонаи ҷавонмардӣ варзиданаш буд, ки дар муддати кӯтоҳ обрӯи беназирро соҳиб гардад.

Бояд гуфт, ки дар асри Х ҳаёти сиёсию иҷтимоии Мовароунаҳру Хуросон давраи нисбатан осудагии мардуми ин сарзамин аст. Ибни Ҳавқал – донишманд ва сайёҳи араб дар бораи ободии шаҳрҳо ва ҷавонмардиву карими мардуми ин сарзамин ҳуҷҷатҳои ҷолиби мулоҳизаеро боқӣ гузоштааст. Ӯ менависад: «ҷавонмардии мардуми Мовароунаҳр ба андозаест, ки гӯё ҳама дар як хонавода  зиндагӣ мекунанд. Касе, ки ба хонаи дигаре меояд, гӯё ба хонаи худ медарояд. Бисьёр меҳмонавозанд ва аз меҳмоне, ки шабона омада бошад, нохушнуд нестанд, бе он ки вайро шиносанд ё интизори подош бошанд, ба вай пазироӣ мекунанд». 

Аз нимаи асри Х1 ва аввалҳои асри Х11 сар карда, дар рабту низоми ҷавонмардӣ дар Мовароунаҳру Хуросон ва Осиёи Хурду мамлакатҳои араб дигаргунии ҷиддӣ сар мешавад. Тасаввуф, ки дар ин айём таъсири мустаҳками худро дар афкору  ахлоқи мардумони  ин сарзаминҳо густариш медод, ҷараёни қадимаи омиёнаи ҷавонмардиро низ ба зери таъсири худ медаровард. Адабиётшиноси маъруфи Эрон – Саид Нафисӣ бисьёр возеҳ қайд кардааст: «Коре гар  мекунам, он барои ном мекунам, на барои нон» ва «коре, ки мекунам, аз барои он мекунам, ки маро номе бошад» гуфтани Самак (аз романи «Самаки айёр») Айни ҳамин муддаост.

Ин таълимот моҳияти прогрессивӣ ва ҷиҳатҳои демократӣ дошта, мутобиқи талаботи он одамон ба ҳамдигар баробаранд, онҳо бояд дар асосии покии ақлу ният рафтор намоянд. Хирад ва шарафи мардумӣ мизони ҳамешагии назорат аз болои рафтор, гуфтор ва кирдори инсон қарор мегирад.

Адибони классики тоҷик (Аз Рӯдакӣ то Айни) мавзӯю мароми футувват ва образи ҷавонмардонро ҳамчун воситае барои парваридани ҷиҳатҳои башардӯстӣ ва демократию ахлоқи неки инсонӣ истифода карда, тамоми тарафҳои иҷтимои ахлоқии онро ба таври бадеӣ дар осрашон истифода бурдаанд. Аз ин рӯ, футувват – ҷавонмардӣ яке аз омилҳои падидоии афкори гуманистӣ ва демократии адибони пешқадами халқамон гардида, худ шохаи мустаҳками он қарор мегирад ва барои нерӯи Эҳьёи Аҷам заминаи мусоиде фароҳам меоварад.


Search