Friday, 04.19.2024, 2:22 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Кошифӣ_3

 «Футувватномаи султонӣ» боарзиштарин осори панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, дар заминаи футувватномаҳои қаблӣ мисли: рисолаи Қушайрӣ, «Китоб-ал-футувват» –и Абдукарими Бағдодӣ, «Китоб-ал-футувват»-и Абдураҳмони Суламии Нишопурӣ; «Кашв-ул-махҷӯб»-и Хаҷварӣ, «Футувватнома»-и Хоҷа Камолиддини Абдураззоқи Кошифӣ, «Туҳфат-ул-ихвон»-и Абдулло ибни Ҳусайн ал-Кошӣ ва дигарҳо ба вуҷуд омадааст. Инчунин дар таълифи ин асар муалиф аз «Кимиёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Асрор-ут-тавҳид»-и Абӯсаиди Абулхайр, «Кобуснома»-и Кайковус ва ашъори  дилпазири шоирони классики форсу  тоҷик ва араб истифода бурдааст.

«Футувватномаи султонӣ»  аз ҷиҳати дар бар гирифтани асосҳои футувват ва роҳу равиши ҷавонмардон комилтарин асари тарғиботи дар таърихӣ адабиётамон ба ҳисоб меравад, зеро Ҳусайн Воиз дар тадқиқи ин масъала ба тамоми майдаю чуйдаҳо аҳамият медиҳад. Асар аз муқаддимаву дувоздаҳ боб иборат будааст. Аммо на ҳамаи бобҳо то ба мо расидаанд. Масалан, асар бо боби ҳафтум хотима ёфтааст ва панҷ боби дигар вуҷуд надорад. Боби ҳафтум китоб низ ноқис аст. Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷӯб – олими эронӣ нусхаи музеи Британияро ба нусхаи дар Теҳрон буда, ки ҳар ду дорои ҳафт боб мебошанд, муқоиса намуда дар асоси нусхаи Британияи «Футувватномаи султонӣ»-ро соли 1971 чоп намудааст. Муқаддима дорои се фас ласт. Боби якум боби дуюм чор фасл, боби сеюм аз даҳ фасл, боби чорум аз ёздаҳ фасл, боби панҷум аз шонздаҳ фасл, боби шашум аз се фаслу чаҳордаҳ қисмат ва боби ҳафтум аз ҳафт фасо иборат мебошад.

Ҷавонмардӣ ва ташкилоти он то рӯзгори Ҳусайн Воиз ҳамчун ҷараёни ичтимоӣ, ахлоқӣ ва сиёсию фалсафӣ вуҷуд дошта, муҳимтарин рукнаш ҳимоя намудани манфиати мазлумону ҳунармандон аз ҷабру ситами ситамгарон будааст. Ҳусайн Воиз ҳамчун муҳақиқи нуқтасанҷ маому ғояи аҳли футувватро нек дарк намуда, «ақсоми ҷавонмардӣ мухтасар дар ду қисм аст: яке нафъ ба дӯстон расонидан ва он ба саховат ҳосил шавад. Дуюм, зарари душман аз эшон боз доштан, ки он ба шуҷоат вуҷуд гирад» гуфта будааст.

Муаллиф дар муқаддима оид ба шарафи илми футуввати чунин овардааст:

                             Дидаи дил аз футувват равшан аст,

                             Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.

                             Гар бувад илми футувват бар сарат,

                             Ҳар замон бахшад сафои дигарат.

 

Дар воқеъ, дар дақиқаи зиндагии футувватдорони ҷавонмард пур аз комьёбиву саодатҳо ва нерӯмандиву  кушодадастиҳост. Зеро мавзӯи илми футувват нафси (ҷони) инсонро дар бар гирифта, одамро аз костагиву нобудӣ ва ночизиву  беаслӣ ба сӯи феъли ҷамилаву сифоти ҳамида ва сафову саодатӣ абадӣ раҳнамун месозад.

«Футувватномаи султонӣ» ҳамчун  дастури ҷавонмардӣ барои муайян гардидани ахлоқи ҳамидаи пайравони оини ҷавонмардӣ 72 тарафро  номбар кардааст, ки чунин андешаро  мо дар романи «Самаки айёр» ҳангоми саволу ҷавоби Шағоли Пилзӯр ва Хуршедшоҳ низ нек дарёфт менамоем:

«Ё паҳлавон, ҷавонмардӣ чанд хел дорад?

Шағол  гуфт: - ҳадди ҷавонмардӣ аз ҳад фузун аст, аммо он чӣ фузунтар аст, ҳафтоду ду тараф дорад ва аз он дуро ихтиёр карданд. Яке нон додан ва дуюм роз пӯшидан».

Ҷавоби сарҳанги ҷавонмардон – Шағоли Пилзӯр, ки асосан нон додан ва роз пӯшиданро тарғиб кардааст, аз ташкилоти опозиционии аввали асрҳои миёна будани пайравони ҷавонмардӣ хабар медиҳад, зеро онҳо тайёранд барои паноҳандагон амон бидиҳанд ва рози ӯро  ба қимати ҷон нигоҳ доранд. Ба мусофирону ғарибон ва паноҳандагон нон доданашон гувоҳи он аст, ки аз ҷиҳати  моддӣ паноҳанда озору осебе набинад. Албатта чунин рафтори ҷавонмардон пеш аз ҳама ба вазъияти бисьёр мураккаби табақотии асрҳои миёна мансуб будааст.

Ҷавонмардон асосан мардони амалӣ ҳама аҳли ҳунари шаҳр  мебошанд. Онҳо пайваста дар набардҳои табақоти ба муқобили аҳли ситам дар муборизаанд. Бинобар ин чунин қавмро аз даҳ хистат чора нест: онҳо ҳамеша кори халқро пайраванд, ба халқ аз рӯи инсоф муомила доранд, нафси худро ҳар лаҳза сарзанишу таҳқир доранд, ба бузургон хидмат менамоянд, хурдонро аз рӯи шафқату навозиш эҳтиром доранд, дӯстонро бо насиҳат, уламро бо тавозӯъ, ҳукаморо бо нармиву ҳалимӣ, душманонро ба саховат ва ҷоҳилонро ба хомӯши пешвоз мегиранд.

Дар назди футувватдорони ҷавонмард омӯхтани илм, махсусан ваҳдати илму амал муҳимтарин рукни ахлоқиву фалсафии ин ҷараён мебошад. Аз ин рӯ, муаллиф ҳангоми муайян намудани рукнҳои асили тариқат аввалу дуюми онро ба омӯхтани илм чорасозӣ менамояд: «Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст. Бигӯй, шаш: омӯхтани илму он чи бар ӯ фарз бошад, дуюм илмро ба амал расонидан, ки илми бе амал дарахтест бемева ва чароғест беравған».

Ҷавонмардон дар роҳи интихобкардаи худ зери назари устоди комил илми футувватро аз бар менамоянд. Вале дар ин роҳи бисьёр мушкил на ҳар кас метавонад устод бошад.

Ҷавонмардон ҳамон шахсеро устоди худ мешумориданд, ки назари хиёнат ба ҳеҷ кас накунад, мушфиқу меҳрубон бошад. Шабзиндадорӣ, омӯхтани илм, бо бадон нанишастан, эминӣ аз ғайбату дурӯғ ва хушнудии халқро хоҳону ҷӯён бошад.

Ҳусайн Воиз оини ҷавонмардиро, ки аз шуҷоату саховат ва дигар хислатҳои писандидаи умумиинсонӣ иборат аст, обуранги тасаввуфӣ дода, ҳатто илми ҷавонмардӣ – футувватро яке аз шуъбаҳои илми тасаввуф қаламдод менамояд. Чунин маҳдудияти ғоявӣ, пеш аз ҳама, бо муҳити зиндагӣ ва идеологияи ҳукукмрони замони адиб муносибати ногусастанӣ дорад.

Дар  «Футувватномаи султонӣ» беҳтарин ва баргузидатарин хислату хусусияти ахлоқи инсонӣ тараннум мегардад, аз ин  рӯ ин асари ахлоқӣ дар тарғиби ахлоқи неку ҳамида мақоми шоистаро дорост.

«Футувватномаи султонӣ» бо фароҳам гирифтани мавзӯоти гуногун, ки бо тамоми тарафҳои ҷараёни ҷавонмардӣ  бахшида шудааст, аҳамияти бузурги ахлоқиву илмӣ, адабиву маданӣ ва услубиву фольклориро доро мебошад. Муаллиф яке аз қисматҳои асарро «Дар баёни қиссахонон ва афсонагӯён» унвон додаст, ки доир ба қиссахонӣ, афсонагӯӣ ва умуман, эҷодиёти шифоҳии халқ маълумоти фаровон медиҳад. Дар ҳамин боб Ҳусайн Воиз ба тоифаҳои гуногуни бозигарон, аз қабили гуштигирон, санггирон, новакашон, саллакашон, муғиргирон, расанбозон, тосбозон, луъбатбозон ва ҳуққабозон қисматҳои алоҳида  бахшида,  хусусиятҳои ҳар кадоми онҳоро муфасал шарҳу маънидод менамояд. Ин ҷиҳат барои таҳқиқи таърихи илми варзиши бадан,  ки то имрӯз чандон омӯхта нашудааст, қиммати илмиву амалиро молик аст.

Дар «Футувватномаи султонӣ» порчаҳои назмии фаровоне  аз эҷодиёти бузургтарини  шоирони классикиамон (Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ, Саъдию Ҳофиз ва Хусравӣ Деҳлавӣ) оварда шудааст. Аз ин рӯ он ҳамчун сарчашмаи бадеӣ низ хидмат хоҳад кард.

Қисмати аз ҳама муҳими ин асар ба тасаввуф  бахшида шудааст. Ҳусайн Воиз тасаввуфро хеле муфассал баён кардааст, ки на барои  таҳқиқи яке аз тарафҳои камомӯхташудаи таърихи адабиётамон ёрии калон мерасонад.

«Футувватномаи султонӣ» забону услули хосро дорост. Баёни муаллиф бисьёр равону содда буда, асар аз ибтидо то интиҳо ба тариқи саволу ҷавоб баён мегардад. Саволҳо низ хеле кӯтоҳу мӯъҷиза буда, ҷавобҳояш соддаву ошкоро мебошад. Дар охир бояд гуфт, ки мутолиаи ин асар бисьёр ҷиҳатҳои ахлоқи неки гузаштагонамонро ёдрас менамояд ва дар тарбияи инсони имрӯза нақше шоистае дорад.

Дар таҳияи «Футувватномаи султонӣ» чопи Муҳаммад Ҷаъфарӣ Маҳҷӯб, ки то кунун саҳеҳтарин нашр ба шумор меравад, асос қарор гирифт. Ҳангоми таҳия баъзе ҷойҳои матн кӯтоҳ ва ба сабаби барои хонандаи имрӯза зарурат надоштанашон сарфи назар шуда, он ҷойҳо бо (…) ишора шудаанд.

Search