Friday, 03.29.2024, 1:12 AM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Кошифӣ_4

«Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воиз дар миён осори андарзиву ахлоқии мардуми Аҷам аз машҳуртарин ва дилангезтарин асари халлоқонаи андарзиву  ахлоқи мебошад. Суханвари нозукадои тавоно ин шоҳкории шоистаи хешро соли 1945 эҷод намуда ба Абдулмӯҳсин Мирзо – писари Ҳусайн Бойқаро бахшидааст. Ин асари дитактикӣ-ахлоқӣ ба хотири тарғиби суннатҳои волоғу чашмгири ниёгон ва ба камол расонидани инсони ҳамаҷонибаи рушду нумукарда ҷомаи амал пӯшидааст, ки имрӯз ҳам мақоми тарбиявии хешро аз даст надодааст.

«Ахлоқи Мӯҳсинӣ» - и дорои чиҳил боб буда, масъалаҳои гуногуни ахлоқро аз қабили: шукр, таввакал, ҳаё, афт, адаб, олиҳимматӣ, азм, ҷидду ҷаҳд, субот ва истиқомат, адолат, авф, ҳилм, хулқу рафқ, шавқат ва марҳамат, хайрот ва мубаррадот саховату эҳсон, тавозуъ ва эҳтиром, амонату диёнат, вафо ба аҳд, сидқ, анҷоҳи ҳоҷат, тааннӣ ва тааммул, машварат ва тадбир, ҳазму дурандешӣ, шуҷоат, ғайрат, сиёсат, таяқуз ва хибрат, фаросат, катмани асрор, иғтиноми фаросат ва талаби некномӣ, риояти ҳуқуқ, сӯҳбати ахьёр, дафъи ашрор, тарбияти хадаму ҳашам ва дигарро фаро мегирад.

Ҳусайн Воиз дар фароҳам овардану ҷо ба ҷо гузоштани бобҳои асари хеш аз осори ахлоқии мутафаккирони пешин ба маврид истифода кунад. Дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» нақши тобдори «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Кимиёи саодат»-и имом Муҳаммад Ғаззолӣ, «Кашф-ул-маҳҷӯб»-и Абулҳасани Алӣ бинни Усмон Ҷуллобии Ғазнавӣ, «Асрор-ут-тавҳид фи мақомот»-и Шайх Абӯсаиди Абулхайр, «Кобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, маснавиҳои Саноиву Фаридаддини Аттор ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ҳамчунин бисьёр абьёти ҷудогонаи шоирони классики пеш  аз Ҳусайн Воизро пайдо намоем. Аз  ин рӯ «Ахлоқи Мӯҳсини»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дастагуле андар миёни гулистони  ахлоқи неки инсонист, ки дар он дастони ҳунарманди боғбони хушсалиқа беҳтарину ҷолибтарин гулҳои атрину рангини адабро гирдоварӣ намуда, чанбаргули ҷовидонаи ахлоқи ҳамидаро мукаммалтару бо ҷилотар пешкаши ҳаводорони фарҳангу тамаддуни мардуми Аҷам намудааст.

Барои далели фикр ба боби бисту якум, ки «Дар саховату эҳсон» унвон гирифтааст, назар меафканем. Ҳусайн Воиз оид ба саховат фикру андешаи худро чунин иброз медорад: «Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон мӯъҷиби дӯсткомиву хуҷистафарҷомӣ аст. Ва ҳеҷ сифате одамиёнро ва хусусан ашрофу бузургони эшонро беҳ аз ҷиду сахо нест:

 

                    Шарафи мард ба ҷуз асту каромат ба суҷуд

                   Ҳар ки ин ҳарду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд…

 

Аз ҳакиме пурсиданд: Уқбо, ки маҷмӯи ҳунарҳо бад-ӯ махфӣ монад, чист? Ҷавоб дод, ки бухл. Боз савол карданд. Ҳунаре, ки ҳама айбҳоро бипӯшонад, кадом аст?  Гуфт: сахо…

Искандар аз Арасту пурсид, ки саодати дуньё дар чӣ чиз аст?

Гуфт: дар ҷуду карам…

          Ва фазилати ҷуд яке он аст, ки дилҳои халоиқ ҷавонмардонро дӯст дорад. Ҳар чанд ки аз эҳсон баҳрае бад – эшон нарасида бошад.

          Масалан, агар мардуми Хуросон бишнаванд, ки дар Ироқ марде кариму ҷавонмард аст, ҳама ӯро дӯст хоҳанд дошт ва бар ӯ офарин хоҳанд гуфт. Балки агар каримеро,  ки дар қайди ҳаёт набошад, ёд кунанд, ҳама кас санои ӯ гӯянд. Чунончи Ҳотами Тойро, ки дар таърихи таълифи ин рисола, ки нуҳсаду ҳафт сол аст аз вафоти ӯ, ҳанӯз баҳори зикраш ба раёҳини офарин ороста аст ва чамани некномиаш ба перояи санову таҳсин пероста:

 

                             Намонад Ҳотами Той, валек то ба абад,

                             Бимонд номи баландаш ба некӯӣ машҳур.

 

          Чун овозаи ҷавонмардии Ҳотам ҷазираҳои арабро то дорулмулки Яман фурӯ  гирифт,  васияти саховати ӯ ба вилояти Шом ва мамлакати Рум расид. Волии Шому ҳокими Яман ва подшоҳи Рум ба адовати ӯ бархостанд. Чи ҳар як аз эшон даъвои саховат  кардандӣ ва лофи ҷавонмардӣ задандӣ  ва зикри Ҳотам бар забони аҳли замон бештар ҷорӣ будӣ.

          Волии Шом хост, ки ӯро биёзмояд. Кас фиристода ва аз вай сад шутури сурхмӯи сиёҳчашми баландкӯҳҳон талабид ва мисли он шутур дар водии араб нодир бошад ва агар ёфта шавад, бисьёр гаронбаҳо бувад. Дарвокеъ  чунин шутур дар рамаи Ҳотам набуд. Чун каси подшоҳи Шом  ба Ҳотам расид ва пайғоми шоҳи худро  ба ӯ гуфт. Ҳотам қабул кард. Дар қабоили араб мунодӣ доданд:  «Ҳар  ки ба ин сифат шутур орад, баҳои арзанда мегирад». Хулоса, он сад  шутурро Ҳотам таҳия карда ба шоҳи Шом фиристод. Шоҳи Шом аз чунин ҷавонмардии Ҳотам ангушти тааҷуб газида, он сад шутурро аз матоъи Мисру Шом бор карда ба Ҳотам гардонид. Ҳотам фармуд, ки, касе ки шутур дода бошад, онро ба бораш бигирад, ва худчизе аз он шутуру матоъҳо нагирифт.

 

                                      Овозаи саховату эҳсони Ҳотамӣ,

                                      Охир дар  ин ҷаҳон ба абас бар наёмадаст.

         

          Дар боби дуюми «Бӯстон»-и  Саъди, ки «Дар бораи эҳсон» аст, ҳикоёте оид ба Ҳотами Той  омадааст:

 

                                      Шунидам дар айёми Ҳотами, ки буд,

                                      Ба ҳайл андараш бодпое чу дуд.

                                      Сабосуръате раъдбонг адҳаме.

                                      Ки ба барқ пешӣ гирифтӣ ҳаме…

                                      Зи авсофи Ҳотам ба ҳар марзу бум,

                                      Бигуфтанд бархе ба султони Рум.

                                      Ки ҳамтои ӯ дар ҷаҳон мард нест!

                                      Чу аспаш ба ҷавлону новард нест!...

                                      Ман аз Ҳотам он аспи тозинажод

                                      Бихоҳам гар ӯ макрамат карду дод,

                                      Бидонам, ки дар вай шукӯҳи меҳист!

                                      Ва гар рад кунад, бонги табли тиҳист!

                                      Расуле хирадманду  олам ба Тай,

                                      Равон карду даҳ мард ҳамроҳи вай.

 

          Онҳо ба манзилгоҳи Ҳотам расиданд. Бевақтии шаб аз ҳаво бисьёр борону сел меовард. Ҳотам он аспи номиро барои меҳмон кушт. Субҳ, вақте, ки сабаби омадани меҳмонро фаҳмид, таасуфомез гуфт:

 

                                      Маро ном бояд дар иқлим  фош!

                                      Дигар маркаби номвар гӯ мабош!...

                                      Хабар шуд ба Рум аз ҷавонмарди Тай

                                      Ҳазор офарин кард бар табъи вай.

 

          Ҳусайн Воиз айнан ҳамин ҳикоятро  бо иловае чанд бисьёр  фасеҳу  равон  нақл  мекунад: «Қайсар  вазири худро  гуфт, ки хабари саховати Ҳотам дар Арабу Аҷам  фош  шуда, васияти ҷавонмардӣ ва муруваташ аз Қоф то Қоф фурӯ  гирифта ва ман шунидаам, ки бад-ин  сифат аспе дорад. Мехоҳам, ки нақди ӯро бар маҳаки эътибор ва сурати даъвии ӯро дар маҳкамаи маънӣ интиҳоям намоям…»

          Ҳикояи дигар дар боби зикргардидаи «Бӯстон» низ чунин омадааст:

                             Бихандад барно, ки Ҳотам манам,

                             Сар инак, ҷудо кун, ба теғ аз танам…

 

          Ҷосус аслиҳаро ба як сӯ партофта, дасту пои Ҳотамро бӯсид ва ба назди фиристодаи худ баргашта гуфт:

 

                             Ки «Дарёфтам Ҳотами номҷӯй,

                             Ҳунарманду хушманзару хубрӯй.

                             Накӯрою  соҳибхирад дидамаш,

                             Ба мардонагӣ фавқи худ дидамаш.

                             Маро  бори лутфаш дуто кард пушт,

                             Ба шамшери эҳсону лутфам бикушт».

 

          Ҳусайн Воиз ҳамчун ин ҳикояти дар «Бӯстон» овардаи Саъдиро низ бо иловаҳо нақл мекунад:… «Малики Яман биранҷид ва ирқи ҳасадаш дар ҳаракт омада ба худ андеша кард, ки ҳеҷ гуна забони аҳли  замон аз зикри Ҳотам хомӯш  нест ва сифати накӯкориву меҳмондории ӯ бар дили  мардумон  фаромӯш не. Пас, ҳамон  беҳтар,  ки ба дастёрии малоҳии фикр киштии умри ӯро дар ғарқоби фано афканам ва ба мададгории  устоди андеша рақами  номи  ӯро аз лавҳи зиндаонӣ маҳв кунам». Ва айнан ин байти Саъдиро далели фикр меорад:

 

                             Ки то  ҳаст Ҳотам дар айёми ман,

                             Ба некӣ нахоҳад шудан номи ман.

 

          Аз муқоисаи иҷмолии ин  ҳикоёт чунон ба чашм мехӯрад, ки Ҳусайн Воиз дар таҳрезиву фароҳам  сохтани «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» асосан  афкори  ахлоқии худро ба пояи далелу асноди боэътимоди машҳургардидаи пешиён корбандӣ менамояд ва албатта аз чанд натиҷаи ҷавонмардона барканор намемонад: Аввал, саховати Ҳотам саховати як инсони дорову ғанӣ  нисбат ба ҳамхелон на ба хотири шӯҳрат ва воломақомӣ будааст.                                                

          Дуюм, саховати Ҳотам  насибии фитрии ӯст, зеро агар табиатан чунин сиришти нек дар замираш набудӣ худро гаравгони дархости аввал (ҳикояи дархости шутурон) намегузоштӣ.

          Сеюм, дар назари марди саховатпешае чун Ҳотам азизитарину шарифтарин молу мулк пасттар аз арзишу қиммати инсон қарор мегирад, вагарна он асби ба ҷон баробари худро қурбони (дар ҳикояи дуюм) меҳмони нохонда намекардӣ!

          Чаҳорум, саховати Ҳотам берун аз ғаразу макру риёсат он чунон саховатест мисли офтоб ҳамагонӣ нурпошон мисли боронест ҳамагонӣ резон, мисли бодест ҳамагонӣ вазон, мисли обест ҳамагонӣ равон, мисли кӯҳест побарҷову ноҷӯнбон, мисли рӯҳест ҳамеша ҷовидон, мисли ашкест ба мижгони ятимон овезон, мисли ишқест насиби ошиқон, мисли нурест равону тобон ва мисли адлест насиби ҷавонмардон, ки берун аз ин маром қадам нагузоштӣ!

          Охир саховати Ҳотам адли бебозгашт, адли  орӣ аз ғаразу иддао, адли орӣ аз макру фиреб, адли орӣ аз тахту ҷоҳ, адли орӣ аз мақсадҳои паси парда, адли орӣ аз андешаҳои нолоиқ, адли орӣ аз нарзҳову ниёзҳост. Он адлест ба хотири бузургдошти ҳамхелон, адлест ба нияти посдории арзиши ниёгон, адлест андар сипоси гавҳари тобон, адлест барои нигаҳдошти паймон, адлест раҳоварди номи неки ҷовидон, ки яксону ҳамагон аёну баёну равону вазон аст!

          Муҳимтарин хусусияти «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» дар он аст, ки муаллиф чун воизу ровии забардаст яке аз бобҳои ин асари гаронбаҳоро ба илми фаросат бахшидааст. Воқеан он чизе, ки дар замони мо зарурияти аввалиндараҷаи мардум аст илми фаросат мебошад. Ҳарчанд, ки илму техника дар рӯзгори мо ба тариқи гӯшношунид камолоти ҳамаҷонибаи худро дарьёфтааст, вале ҷои таасуф аст, ки илми фаросат бо ҳама паҳнову амиқиҳои гузаштаи хеш, ки миёни мардум доман паҳн карда буд, чун зоҳидони чилланишин  рӯ ба гӯшаи торикиву узлат ниҳода. Аз ин нигоҳ мутолиаи боби фаросати китоби зикршуда моро бори дигар  ба рангинхаёлӣ ва равоншиносӣ забардаст будани муалиф эътиқодманд мегардонад. Ҳусайн Воиз дар фароҳам овардани ин қисмати асари худ ба «Захираи Хоразмшоҳӣ» - китоби номии тиббӣ, ки он мухтасари намунаи форси китоби Ибни Сино будааст, такья мекунад. Мароқангезӣ ва ҳаллокияти боби мазкур дар он аст, ки чеҳраи инсон авроқи бозгардидаи китоби хонои замиру ботинаш аст. Дар чунин маврид таввасути илми фаросат кас метавонад ба ин ё он ҷиҳати мушаххасоти мусоҳибаш нигариста, аз розу ниёзи олами ботину ҳаракоти ниҳонхонаи ӯ воқиф гардад. Ба ин ваҷҳ Ҳусайн Воиз мегӯяд: «Ва он шарти куллӣ бошад дар ҳукумат ва бар аҳли ихтиёр воҷиб аст ва ба айни басират дар савобиқу  лавоҳақи ҳар ҳодиса, ки воқеъ шавад, назар кунанд. Агар он воқеа бағоят равшану ҳувайдо бошад, бар он чӣ муқтазои шаръу адл аст, бад-он ҳукм фармоянд. Ва агар сирри он нек зоҳир нест, ба нури фаросат дарки он бояд кард. Ва эътиқод бар қавли ноқилон набояд намуд».

 Бузургон гуфтаанд: «зеби ҳукумат ба зевари фаросат аст».

          Ҳамчун зумрае аз мушаххасоти ин илмро ба зевари табъ бармекашад: «Бидон, ки ҳукамо дар мақомоти худ гуфтаанд: «Ранги сафеди муфрад бо кабудӣ ва сабзии чашм нишони сахтрӯӣ ва  бешармӣ ва хиёнату фисқ ва заъфи ақлу ракокати рой аст». Тезии назар, паҳнпешонӣ ва бар сар мӯи бисьёрдор аз мори афъи бадтар аст». «Мӯи нарм нишони баддилӣ ва тарсандагӣ бошад». «Бисёрии мӯй бар китфҳо нишони ҷуръату ҳамоқати табъ ва кундфаҳмӣ ва майл ба ҷавр аст». «Зардии мӯй нишони ҳамоқати табъ ва кундфаҳмӣ ва майл ба ҷавр аст». «Зардии мӯй нишони ҳамоқат ва зудхашмист». «Пешонии фарох, ки бар вай хутут, яъне чину шиканҷ набошад нишони хусумат ва маломат ва лофу ғазоф бувад». «Гӯши бузург нишони борик нишонӣ фӯрӯмоягӣ ва оҷизӣ бувад». «Гуши бузург нишони ҷаҳл аст валекин соҳиби онро қуввати ҳифз бошад ва тундхӯй бувад, гӯши хурд нишони аҳмақӣ ва дуздӣ бувад». «Абрӯи бузурги бисьёрмӯй нишони дуруштӣ бувад дар сухан. Абрӯй кашида то наздики гӯш нишони нишони лофу таккабур ва дурӯғгӯӣ бувад»…

          Ҳамин тавр, ҳар узви инсон мушахассоту хусусияти хосаеро доро будааст, ки онро пардапӯш намудан муҳол мегардад. Албатта аз рӯи чунин нишонаҳо ҳукми қатъи баровардан низ ҷоиз нест, вале мушаххасоти мазкур тақозо менамояд, ки инсон комилан аз аломатҳои мутаззакира вораста ҳам набудааст. Ба назари мо омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи чунин ангезаҳои илми фаросат ба тамоми мардум, махсусан ба ононе, ки соҳиби тахту ҷоҳ, роҳбарони корхонаву созмонҳои ҳизбӣ ва амниятиву давлатӣ мебошанд, зарур аст, чунки афроди гандумнамоёни ҷавфурӯш андаруни ҷомеаи поки мо низ кам нестанд. Ин зумраи корчалону назарфиреб ҳамеша бар он мекӯшанд, ки зоҳирнамоӣ ва авомфиребӣ карда, обро  лой намуда бе шаст моҳии зарин ба даст оранд.  Бе заҳмат соҳиби сарвату давлат ва ҷоҳу мансаб гардида маромномаи мусаффову беғаши бонизоми ҷомеаро хатчадор ва бенизом созанд.

          Ҳусайн Воиз аз зарбулмасалу  андарзҳои мардумӣ мисли: «Бубин тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо», «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд», «Аввал андеша ва баъд гуфтор», «Дев чун берун равад, фаришта дарояд», «Дидаи дӯст  айбпуш бувад», «Дурӯғ бе фурӯғ аст», «Душман саркуфта беҳ», «Ёри беайб маҷӯ то ту намонӣ бе ёр» ва дигаронро ҷо андар ҷову ба маврид истифода мебарад.

          Хусусияти муҳими ин асар дар тарзи баёни он воқеъ гардида аст. Ин асар намунаи барҷастаи насрест, ки миёни  насри соддаи асри Х ва насри такалуфии асрҳои баъдина қарор дорад. Албатта, дар он калимаву ибора ва таъбирҳои арабӣ фузун истифода шудаанд, вале мавриде, ки Ҳусайн Воиз ба сифати дастури ахлоқ  баёнияеро пешниҳод месозад, ҷумлаҳояш ҳамоно равону фасеҳ ва нишонрасанд. Аз ин рӯ, ҳақ ба ҷониби муҳақиқи «Нафоҳот-ул-унс»-и  Ҷомӣ  Маҳди тавҳидпур аст, ки гутааст: «Дар насри сабки махсуси давраи муғул, ки пояи он бар муғлақнависӣ ва касрати истеъмоли калимот ва луғоти араб буд, дар он давра масруку матрук монд. Ва ба ҷои он сабки дигаре ба вуҷуд омад, ки асоси он бар истирооту киноёт фаровон қарор дошт ва аз такаллуф дар луғоти раб орӣ буд» (Теҳрон, 1958,с151).

          Масалан «Ҳар ки дар тирборони ҳаводис сипари сабр дар сар кашад, зудтар хаданги умедаш ба ҳадафи мурод бирасад» «Ҳаё хислати Шариф ва сифати мақбул аст», «Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамии аҳвол роҳи  рост дошта бошӣ», «Ҳарчанд ҳиммат олитар бувад, ҷидду ҷаҳд дар талаби мақсуд бештар  воқеъ мешавад». «Адл он аст, ки доди мазлумон диҳанд ва эҳсон он, ки марҳами роҳате бар ҷароҳати маҷрӯҳон ниҳанд», «Ростиву росткорӣ сабаби эминӣ ва растагорист».

          Хусусияти барҷастаи «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ҳамчунин  дар фаро гирифтани мавзӯоти он аст. Дар ин асар оид ба риояти ҳуқуқ ва «тарбияи хадаму ҳашам» боби ҷудогонаеро муаллиф овардааст, ки оид ба таърихи илми ҳуқуқшиносӣ сарчашмаи боэътимодро пайдо менамоем. Аз ин нигоҳ «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» масъалаи давлату давлатдориро ба таври фасеҳу ошкоро ба миён гузошта, аҳкоми давлатро ба адолату ростӣ ва инсонпарварию хайрхоҳӣ даъват менамояд.

          Дигар ин ки ҳангоми тайёр намудани матн калимоти мушкил ва баъзан истилоҳоти арабиро дар қавсайн шарҳ додаем. Гоҳо он қисматҳое, ки ба хонанда зарурат надоранд ва ё мавҷудияти онҳо фаҳмиши матнро мушкил мегардонад, аз онҳо сарфи назар карда шуда дар қавсайн (…) гузошта шудааст. 

Search