Saturday, 04.20.2024, 7:05 AM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Кошифӣ_5

Рисолаи «Ҳотамия» чуноне ки дида мешавад, аслан ба тасвири аркони ҷавонмардӣ: саховат ва шуҷоат нигаронида шудааст. Ҳусайн Воиз агарчи дар «Футувватномаи султонӣ» маромномаи ойини ҷавонмардиро ҳамаҷонибаву мукаммал ба тадқиқ дода бошад ҳам, дар асари ахлоқиву андарзии хеш «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ҷиҳатҳои умдаи ин ойинро аз назар дур наандохта, зимни ин ё он боб ба он таваҷҷӯҳи амиқу фасеҳ меафканад. Махсусан дар боби ҳаё, адаб, олиҳиматӣ, адолат, саховату эҳсон, амонат, вафо бо аҳд, щуҷоат фаросат ва талаби некномӣ тарафҳои то андозае дар торикӣ мондаи ин ҷараёнро ифшо мегардонад.

          Дар рисолаи «Ҳотамия» бошад ба такрор сари муҳимтарин аркони ойини ҷавонмардӣ саховат ва шуҷоат таваққуф дорад, ки мегӯяд: «Ҷавонмардӣ дарахтест аз чамани ҷаннат раста ва саховат ниҳолест аз ҷӯйбори Кавсар нашъунамо ёфта… ҳарки табиъати ӯ ба ҷуду сахо моил бувад, даст дар шохе аз шохҳои он дарахтзада бошад ва он шох  ӯро бо ҷазби иноят аз хазизи диноят (пастиву сифлагӣ) ба зирваи (мақоми баланд) қабулу иззат кашад ва ба хуррамтарин буқъа (манзил) ва назҳаттарин равза аз раёзи биҳишт фуруд орад».

          Ҳусайн Воиз ҳамчун тарғибгари комили замони хеш гаштаву баргашта маҳаки андешарониҳову тарғибгариҳои худро дар болои  муҳимтарин аркони ойини ҷавонмардӣ – саховат ва шуҷоат корбандӣ мекунад, ки ин мароми адиби забардаст бе сабаб нест.

          Ҳусайн Воиз  ин рисолаи ҷавонмарди хешро  ба садову симои чеҳраи абадзиндаи таърихи адабиёти арабу аҷам ба Ҳотами Той, ки саховаташ мисли вазиши насими субҳгоҳон, мисли резиши борони баҳорон, мисли ситорагони роҳи  Каҳкашон, мисли обҳои шӯху нуқратоби чашмасорон, мисли амвоҷи кокулони гулдухтарон, мисли чаҳ-чаҳи булбулон, мисли хандаҳои нозукадойи маъшуқагон  ва мисли садои азизон аст, мебахшад. Агарчи дар қисмати «Саховат»-и «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» муаллиф дар боби саховати Ҳотам ба «Бустон»-и Саъдӣ такья намуда ҳикоятеро оварда бошад ҳам, дар ин рисола ба баёни фишурда иқтифо намекунад, балки чуноне ки худи Ҳусайн Воиз дар муқадиимаи рисолаи мазкур иқрор аст, ӯ ҳар он чи дар бораи Ҳотами Той… «дар китобе дида ё аз азизе шунида бошад, ба иборати форсӣ дар қайди китобат орад, то бар камоҳии аҳвол вуқуфе том ва иттилоъе тамом ҳосил ояд» мегӯяд.

          Ҳусайн Воиз дар ин ин рисола ба гузаштагони  қаҳрамони марказии асараш аҳамият медиҳад, гузашта аз он таърихи валодату вафоти Ҳотамро зикр карда, ба як бародар, ду писару як духтар доштани ӯ, ки ҳар кадоме нақше дар зиндагӣ доранд, мароқи хосае зоҳир менамояд. Дар ин рисола, махсусан, нақши модари Ҳотам хеле ҷолибу андарзбахш аст. Ин ҳолатро дар ҳикояе, ки баъд аз вафоти Ҳотам аҳли қабилаи Той хостанд бародари ӯро ба ҷойи Ҳотам бигуморанд, дида метавонем. Модар бо ҷиддият ва қатъият номзадии писари хурдиашро ба ҷониши Ҳотам рад мекунад. Нақши модаре, ки дар ин ҳикоя баён мегардад, нақши танҳо модари оддӣ нест, балки модарест, ки дар баробари модари мушфиқ будану дӯст доштани фарзанд дар роҳи пешкардаи ӯ ҳаммаром аст. Аз ин рӯ, ҳарчанд ки фарзанди дигарашро аҳли қабила ба ҷойи Ҳотам нишонда бошад ҳам, ӯ рад мекунаду далел меоварад: «Андешае, ки дар боби бародари Ҳотам кардаед бигзоред, ки аз ӯ таввақуи ҳотамият натавон кард, зеро ки Ҳотам баъд аз валодат шир аз пистони ман нагирифт, то вақте ки кӯдаки бегонаро шир додам ва ин бародар як пистон дар даҳон дошту дигаре дар даст гирифта буд, то кӯдакони дигар набинанду аз он шир нахӯранд. Аз чунин каси ҳотамӣ чун ояд?! Ин писарро ба сурат бо Ҳотам мушобиҳате тамом аст ва ба маънӣ бо ӯ мухолифате локалом». Дар ин гуфтори модар ҷиҳати фардӣ ва фитрӣ нануҳуфта бошанд, ӯ дар ин ҷода мукаммалу мушаххас намегардад. Аз ин рӯ бародари ҳамхуну ҳамшири Ҳотам, ки мехост ҳотамвор саховат кунад, чун дар ҷавҳари улвияш ин хосияти барозандаи ахлоқи ҳамида мавҷуд нест, натавонист, ки аз санҷиши модари хеш берун ояд.

          Рисолаи «Ҳотамия» воқеан рисолаи ростии тарғиботи ойини ҷавонмардист. Ҳусайн Воиз зимни ибрози кору амалиёти Ҳотами Той нақши ӯро пайваста дар шоҳроҳи камолоти маънавӣ инъикос мегардонад. Ҷавонмардии Ҳотам амали хайр аст. Амалест фақат амал на ҳарф. Ҳар амале, ки аз тарафи Ҳотам ба вуқуъ мепайвандад маҳз ба тарғиби афкору омоли хайратафзои ойини ҷавонмардӣ сурат мегирад.

          Боре дар роҳе мазлуме аз Ҳотам озодии хешро таманно мекунад: … «оқибат банд аз дасту пойи ӯ бардошт ва дар дасту пой худ ниҳод ва шарти ишфоқ (меҳрубонӣ) ба ҷой оварда, рақами итлоқ (озодӣ) бар ҷаридаи ҳоли вай кашид ва худро муқайяд сохта, ӯро озод гардонид. «Инъикоси чунин рафтори Ҳотам албатта, дар адабиёти бостониамон нав нест, балки ҳамин гуна ҳаракати башурдӯстонаи мо дар рафтори падари ошиқони олам Маҷнун дида метавонем. Низомии Ганҷавӣ ин саҳнаро дар қисмати «Раҳонидани Маҷнун оҳувонро», «Озод кардани Маҷнун гавазнонро» ва «Бурдани пиразан Маҷнунро ба дари хиргоҳи Лайлӣ».

 

                                      Маҷнун зи сари шикастаболӣ,

                                      Дар пойи зан уфтод ҳолӣ,

                                      К-ин силсилаву танобу занҷир

                                      Бар ман неҳ, аз ин рафиқ баргир!

                                      К-ошуфтаю мустаманд моем,

                                      Ӯ нест сазои банд, моем.

Устодона ба қалам медиҳад.

          Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар достони «Лайли ва Маҷнун» дар қисмати «Бозраҳонидани Маҷнун ғизолеро аз сайёд ва озод кардани вай бар ёди Лайлӣ» ба ин масъала тавваҷӯҳ намуда, менигарад:

 

 

                                      Мискин чу расан ба дасти ӯ дод,

                                      Сад бӯса ба чашми масти ӯ дод.

                                      Пашмин расан аз сараш бадар кард,

                                      В-аз соиди хеш тавқи зар кард.

 

          Чуноне ки мебинем аз тарафи Маҷнун раҳонидани мазлуму ҳайвон аз дасти сайёд дар ҳарду достони ошиқонаи Низомиву Ҷомӣ ба хотири маъшуқаи хеш карда бошад дар ҳаракоти ҷаззобонаи Ҳотам ин амри қотеъ ба хотири дӯстдории ҳамхелон ва бидуни андешаи подоши амал рух додаст.

          Саховату карами Ҳотам ҳадду марз надорад. Ӯ дар ин роҳ то андозае иртифои амал меварзад, ки тайёр аст баҳри амалӣ гардидани андешаву омоли шахси ношиносе ба азизтарин  дороии хеш-ҷон падруд гӯяд. «Ман марди парешонрӯзгор ва ошӯфтаҳолам ва маишати ман аз айёрӣ ва дуздӣ мегузарад ва дар ин вило султони Яман маро талабида ба ваъдаи молу матоъи фаровон карда ба шарти он, ки  Ҳотамро пайдо карда ба қатл орам ва сари ӯро ба тӯҳфа назди малик барам ва ман ба зарурати ваҷҳи маош ин суратро қабул карда бад-ин вилоят омадам, на    Ҳотам мешиносам ва на роҳ, ба манзили ӯ мебарам:

 

                             Бихандиду гуфто, ки Ҳотам манам,

                             Сар, инак, ҷудо кун ба теғ аз танам.

 

          Чунин кордории самимонаву каримонаи Ҳотам падидаи тоза ва нақши нотакрори ҷовидонаи ӯро дар авроқи рангину нақшини адабиёти ҷавонмардии арабу аҷам ҷилодор намудааст. Ба ин ваҷҳ Ҳотам, ки худ симои абадзиндаи мардумнавозиву хайрандешии тоисломии мардуми араб мебошад, дар адабиёти ҷавонмардии асримиёнагии форсу тоҷик низ ба ҳама салобату ҳашамати накӯкоронаи хеш ворид  мегардад. Аз ин лиҳоз чеҳраи Ҳотам худ чеҳраи тобону дурахшони адабиёти ҷавонмардии моро таъмин намуда, як навъ пули азиме миёни ду соҳил: соҳили пеш аз исломӣ ва баъди исломи мардуми арабу аҷамро фаро мегирад.

          Рисолаи «Ҳотамия»-ро мо дар асоси чопи Саид Муҳаммади Ҷалолӣ, ки ӯ дар асоси ду нусхаи хаттӣ: китобхона «Маҷлиси шӯрои миллӣ» ва нашри Шарл Шефер соли 1941 дар Теҳрон ба табъ расондааст, таҳия намуда, луғатҳои мушкилдаркашро шарҳ додаем.

          Гуфтан ҷоиз аст, ки «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ» ва рисолаи «Ҳотамия» се асари  комилан ҷудогонаи  як муаллиф махсуб мешаванд. Ин асарҳо  ҳар кадом бо фарогирии  мавзӯоти худ тарафҳои гуногуни ахлоқи одамиро фаро гирифта, ба амиқии назар ва фарохии андеша зарраҳои ноаёну нодиди маромномаи афкори ойини ҷавонмардиро  андаруни ҷомеаи куруни вусто баркаш менамоянд.

          «Футавватномаи султонӣ» ва рисолаи «Ҳотамия» яке ба тариқи пурсишу посух ва дигаре зимни ҳикоёту маснавиҳо роҳи ба камоли  маънавӣ расиданро дар чавкоти ойини ҷавонмардӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд маромномаи «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» низ аз чунин  қарор дур намемонад. Балки ин асари шоиста барои аркони давлат як навъ дастури  мардумшиносӣ будааст.

          Дар охир аз шодравон Мулло Нурмуҳаммади Дарғӣ барои дар солҳои пӯрошӯб ҷони худро зери хатар гузошта, садҳо ҷилд дастнавис, баёзу девонҳои камёбро маҳфӯз доштан ва дар ихтиёри банда гузоштани дастнависи «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» самимона сипосгузорем.

 

                                                                                                Қурбони Восеъ

 

                                                                   Устоди Донишгоҳи Тоҷикистон                   
Search