Site menu
Our poll
Statistics
Total online: 1 Guests: 1 Users: 0 |
Оҳуи ишқОҳуи ишқ -- муҷассами зиндаи деҳаи Рэн Ин оҳуи кӯҳӣ беш аз се сол аст, ки ҳар субҳ аз кӯҳсор ба деҳа
меояд ва байни чорвои хонагии мардуми деҳаи Рэни ноҳияи Ишкошим мечарад. Ба он на танҳо чорвои диёр, балки мардуми
деҳа низ унс гирифтаанд. (Бояд тазаккур дод, ки бошандагони деҳаи Рэн ба забони
ишкошимӣ, ки ба гурӯҳи ҷанубии забонҳои помирии хонаводаи ҳинду-аврупоӣ тааллуқ
дорад, мутакаллиманд. Ва тақ¬дири ин забон ҳам бо теъдоди ками соҳибзабононаш
мисли ин оҳў пайваста дар зери хатари заволёбӣ қарор дорад). Таърихи аввалин бор ба деҳа фуромадани ин оҳубарра басо
ҷолибу пурмуаммост. Тирамоҳ, аниқтараш 25-ноябри соли 2006, Одина Мамадҳасанов
(1933-2010) ном зодаи деҳа, ки дар пойтахти Ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард, тобути
ҳамсари фавтидааш - Степанида Мамадҳасановаро ба деҳа барои ба хок супоридан
оварда буд. Тамоми аҳли деҳа саргарми ин маърака буданд. Гурӯҳи мардони деҳа
дар қабристон манзили охирини марҳумаро тайёр менамуданд. Ногоҳ аз қуллаи кӯҳ
ин бузичаи оҳуи кўҳӣ (ба забони ишкошимӣ онро ҷондорк ‘ҷондорак’ меноманд)
сарнишеб, бе ягон тарсу ҳарос ба сӯи деҳа фуромадан гирифт. Бузича аз байни
ҳавлиҳо гузашта, рост ба ҳавлии соҳиби маърака рафт, ҳавлиро чарх зада ба сари
қабристон, ба он ҷое, ки қабри нав меканданд, роҳ гирифт, аз чашмони ба таҳайюр
афтодаи қабрканҳо гӯё тӯрида (гурехта), боз ба домани кӯҳ, ба сӯи қуллаҳо
рамид. Одина ва Степанида Мамадҳасановҳо Пас аз дафни марҳума ҳар саҳар он бо роҳи қабристон, маҳз
аз паҳлуи қабри нав гузашта, ба деҳа ворид мегардид, ба ҳавлие ки аз он ҷо
тобутро бароварда буданд, меравад ва ҳамин тавр ин оҳу қисми таркибии ин диёр
ва рўзгори мардуми он мегардад. Албатта, дар
аввалҳо мардум ба ин оҳубача чун ба мӯъҷиза менигаристанд. Дар воқеъ ҳам он
мўъҷиза буд. Тасаввур кунед, ки дар деҳот оҳубачаи кӯҳӣ бебокона мегардад,
байни чорвои хонагӣ даромада, баробари онҳо чаро ва ҷастухез менамояд. Мардуми
деҳа оҳиста-оҳиста ба ин рӯйдод одат намуданд. Овозаи он деҳаҳои саросари ноҳия
ва вилоятро низ фаро гирифт. Аз дуру наздик одамон барои бо чашми сар дидани он
ва итминони комил пайдо намудан ба деҳаи Рэн меоянд. Дар ин байн хатаре низ ба
ҷони ин махлуқи зебои табиат пайдо шуд. Дӯстдорони шикор чандин бор мехостанд,
онро мавриди сайди хеш қарор диҳанд, вале ягонагию дилбастагии мардуми деҳа
нисбати он ҳар дафъа сари роҳи ин ҳадафи нопокро мегирифт. Яъне то имрӯз сари
ин масъала хиради солим ба ҷаҳолат ғолиб меояд ва умед аст, ки минбаъд низ ин
ғалаба давом хоҳад кард. Нафароне низ аз
бошандагони деҳа сари онанд, ки ин оҳу гӯё ба ҳамсари Одина алоқамандие надошта
бошад. Вале дар он соату рӯзи ҷанозаи ӯ ба деҳа рӯ оварданашро рад намекунанд.
Ба ҳар ҳол ин аҷоиботи рӯзгор қобили таваҷҷӯҳи ҳамагон аст. Пас аз чанд соли вафоти
ҳамсараш ӯ низ дар шаҳри Душанбе бо ин ҷаҳон падруд гуфт ва ҳамдиёронаш ҷасади
ӯро ба ноҳияи Ишкошим, ки дар 653-километрии шаҳри Душанбе воқеъ гаштааст,
бурданд. Оқибат ин ду дилдода ниқоби хоки азизи деҳаи Рэни Ишкошимро ба рӯй
кашиданд. Ва оҳу (ҷондор) ҳар саҳар аз паҳлуи гӯри онҳо гузашта, ба сӯи рамаи
деҳа мешитобад. Бояд тазаккур дод, ки аз насли ин оҳуи кӯҳӣ чандин оҳубарра дар
деҳаи Рэн ба дунё омадааст, аммо, мутаассифона, қариб аксари онҳо то яксолагӣ
мерасанду мефавтанд. http://www.ozodi.org/content/blog/24528737.html Ҳаққи муаллифӣ (с) 2011. РАО/РО. Бознашр бо иҷозаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, 1201 Connecticut Ave., N.W. Washington DC 20036. |
Search
|