Friday, 04.26.2024, 8:02 AM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Лоиқ_1

1 2 3

НОМ

 

Як ҷавон мехост шуҳрат ёбад андар байни халқ,

Номи худро зинда гардонад ба олам ҷовидон.

Фикр карду оқибат як чорае пайдо намуд:

Канд номашро ба рӯи сангу з-он шуд шодмон.

 

Гуфтамаш: Он сангро селоб агар аз ҷо барад,

Созад онро дар ягон ҷое зи чашми кас ниҳон,

Ё кафад он санг аз гармову аз сармои сахт,

Номи ту гум мешавад, бешубҳа, бо санг аз миён.

 

Гар ту хоҳӣ зинда бошӣ солҳои бешумор,

Умр бинӣ ҷовидонӣ то ҷаҳон дорад бақо,

Аз таҳи дил хидмати халқу диёри хеш кун,

Сабт кун номат ба қалби мардумони бовафо!

1959

 

ҚУФЛ

 

То надуздад молу мулки ҳеҷ касро ҳеҷ кас,

Фикр карда мардумон, пас қуфлу дарбон ёфтанд.

Хотири худ ҷамъ бинмуда, паи ишқу ҳавас

В-аз паи рӯзӣ ба роҳи зиндагӣ биштофтанд.

 

Лек назди дузд дарбон чист? Марди оҷизе,

Зад ба теғи ноҳақеву хуни дарбонро бирехт.

Қуфли дар ҳам назди виҷдонаш

ягон садде нашуд,

Хонаро тороҷ карду гӯиё хокаш бибехт.

 

Пас, киро боист дарбон кард, то дузде аз он

Ҳеҷ натвонад, ки ҳатто як сари мӯе канад?

Пас, чӣ дар ин роҳ авлотар зи қуфлу посбон,

То на теғеву на зӯре гардани ӯро занад?

 

Ман тасаввур мекунам ин сон аҷоиб қуфлро:

На зи фӯлоду зи оҳан, ҳам на бар дар ҷои он,

Балки аз номус, аз инсофу аз тавфиқҳо

Бар дари ҳирси чу ғору чашми танги нокасон!

1960


Search