МУҚАДДИМА
Забон муҳимтарин воситаи алоқаи одамизод аст (Ленин—рости гап, ягон гапи аз ин беҳтара ёфтан даркор!).
Одамон ба воситаи забон ба якдигар фикр баён
мекунанд ва фикри якдигарро мефаҳманд.
Ҳамаи калимаҳои забон якҷоя таркиби луғавиро
ташкил медиҳанд.
Дар таркиби луғавии забон чизи аз ҳама
асоситар бунёди асосии луғавӣ мебошад. Бунёди асосии луғавӣ ба забон барои
сохтани калимаҳои нав
замина медиҳад.
Омӯхтани фонди асосии луғавӣ ва таърихи тараққиёти
захираҳои луғавии забон, инчунин омӯхтани ҳолати имрӯзаи таркиби луғавии он
вазифаи лексикология мебошад.
Таркиби луғавӣ ба сари худ забонро ташкил
намедиҳад, вай барои сохти забон ҳамчун материали бинокорӣ мебошад. Таркиби луғавӣ,
вақте ки ба ихтиёри грамматика медарояд, аҳамияти бузургтарин пайдо менамояд.
Грамматика сохти калима, ибора ва ҷумларо меомӯзад.
Мафҳумҳои умумии грамматикӣ, ки характер ва
типи сохти забонро муайян менамоянд, категорияҳои грамматикӣ номида мешаванд.
Категорияҳои грамматикии забони адабии ҳозираи
тоҷик натичаи тараққиёти дуру дарози таърихии забон, беҳтар шудан ва такмил
ёфтани сохти грамматикии он мебошанд.
Воҳидҳои асосии забон.
Нутқи мо аз воҳидҳои алоҳидаи забон иборат
буда, пеш аз ҳама ба ҷумлаҳо ҷудо мешавад, ки ҳар кадоми онҳо фикрҳои алоҳидаи
томро ифода мекунанд. Ҷумлаҳо аз ҳамдигар ба воситаи ист (пауза) ҷудо мешаванд.
Масалан: Баҳор омад. Ҳангоми киштукор расид. Дар саҳроҳои
Тоҷикистон кор дар ҷӯш аст.
Ҷумла ба ибора ва ё ба калимаҳои алоҳида ҷудо
мешавад. Воҳиди грамматикие, ки аз ду ва ё зиёда
калимаҳои мустақилмаъно ташкил ёфтааст, ибора ном дорад.
Масалан: Бориши барфу борон, тобиши офтоби тобон дар теппаҳои
кӯҳ аз санг шаклҳои гуногуни аҷоиб
офаридаанд (Раҳим Ҷалил).