Баъзе аз типи ибораҳо аз ҷиҳати маъно
ҷудонашаванда—устувор мебошанд: ҳар чӣ бодо бод. Дандон ба дандон мондан ва
монанди ин.
Ибораҳо дар навбати худ ба калимаҳо ҷудо
мешаванд. Ҳар калима мафҳуми алоҳидаро мефаҳмонад. Чунончи, ибораи кӯчаи шаҳр аз ду калима —аз кӯча ва шаҳр, замини хоҷагии
мо аз се калима—замин, хоҷагӣ ва мо иборат мебошад.
Калимаҳо пеш аз хама бо маънои луғавӣ, сохти
морфологиашон муайян карда мешаванд. Ҷумлаи "Боди форами баҳории сабук
мевазид” аз панҷ калима таркиб ёфтааст. Ҳар яке аз ин калимаҳо ба худ задаи маъноии мустақил низ
дорад. Дар забони Тоҷикӣ калимаҳое ҳам ҳастанд, ки задаи маъноӣ надоранд. Ба ин
гурӯх, пеш аз ҳама, калимаҳои ёридиҳанда дохил мешаванд.
Дар омӯхтани забон алоқаи байни якдигарии
маънои грамматикӣ ва лексикиро ба назар гирифтан зарур аст.
Калимахо низ ба морфемаҳо (морфема аз калимаи
юнонӣ—морфе «шакл» гирифта шудааст), ба ҳиссаҳое ҷудо мешаванд, ки ҳар
кадоми ин ҳиссаҳо дар забон дорои маъно ва вазифае мебошанд. Чунончи, калимаҳои
мисгар, оҳангар мувофиқи маъно ва вазифаашон ба морфемаҳои мис,
оҳан ва гар ҷудо мешаванд, ки морфемаҳои мис ва оҳан
ҳиссаҳои асооии маънодор буда, чизҳои маълумеро мефахмонанд, морфемаи гар
бо калима омада, аз рӯи касбу кор номи шахс месозад.
Морфемаҳо ба ду гурӯҳ: морфемаҳои калимасоз
ва морфемаҳои калимабанд ҷудо мешаванд.