Ғарқи хун созад таманнои
ту доғи синаро,
Ҳалқа
бар гӯш афканад акси лабат оинаро.
Васл
агар набвад маро савдои зулфе хам бас аст,
Тифли
мактаб ин медонад шаби одинаро.
Дарди
ӯ дар пардаҳои дида пинҳон сохтам,
В-аз саводи дида кардам мӯҳр ин ганҷинаро.
Нахлӣ,
аз меҳре, ки худ бо дӯст дорӣ, дам мазан,
Тарсам, аз меҳри ту рашк огоҳ созад кинаро.
Баски ҳаҷри ту кашад танг дар оғӯш маро,
Ҳасрати
мурдани ҳар кас барад аз ҳуш маро.
Меҳр
мегӯяму ҷон меканаму мегирям,
Модари
толеъи ман карда фаромӯш маро.
Мурғи
печида ба домам, зи аҷал бокам нест,
Ки
ғам аз давлати худ карда зиреҳпӯш маро.
Нахлӣ,
ар ҷилваи ширинии дунё ин аст,
Неш
сад мартаба беҳтар бувад аз нӯш маро!
Лаби
яъсам, фиғонамро асар нест,
Чӣ
сон гирям, ки хунам дар ҷигар нест.
Агар
лаззатпарастӣ, доғ шав, доғ,
Ба
чоки ҷайб нозидан ҳунар нест.
Тараннумҳои
булбул дилпазир аст,
Чаманафрӯзии
гул мӯътабар нест.
Миёни
чашму абрӯи ману ёр,
Ишоратҳост, мижгонро хабар нест.
Ту
дурӣ аз муҳаббат, варна, Нахлӣ,
Матое
аз муҳаббат бештар нест.
Боз
доғи синаам аз ғам гулафшон гаштааст,
Қатраи
ашкам зи ҳаҷри дӯст тӯфон гаштааст,
Шуълаафрӯзи
замин хуршеди оламтоб нест,
Кавкаби
бахтам ба хоки тира яксон гаштааст.
Рӯзгор
ошуфтасозу осмон душманнавоз,
З-ин парешонулфатон табъам парешон гаштааст.
Гулбуни
айшам зи боғи орзу нашкуфтааст,
Ғунчаҳои
доғи ҳасрат боз хандон гаштааст.
Бесару
барг аст, Нахлӣ, аз ҷунуни ишқ, ҳой,
То
дили ғамдидааш расвои хубон гаштааст.