Saturday, 04.20.2024, 0:19 AM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Гулистон_2

1 2 3 4

Ҳамин  тавр, Саъдӣ аз барори кори худ дар Шероз тамоман ноумед шуда, барои давом додани таҳсил ба Бағдод, ки маркази хилофат ва илму адаб буд, рахти сафар баст. Дар Бағдод ба мадрасаи машҳури  «Низомия», ки барои  мусофирон шароити беҳтаре дошт, қабул шуд ва илмҳои маъмули замони худ, аз ҷумла улуми адабия, тафсир, фиқҳ, ки дар он замон аҳамияти калони амали дошт, тахассуси комил  пайдо кард. Саъдӣ дар маҷлисҳои баҳси фақеҳони номдори маркази хилофат борҳо иштирок карда, бо фасоҳати сухан, дурустии далелҳо ва мантиқи маҳокима бар онҳо ғолиб омада, таҳсину офарини аҳли маҷлис ва ҳозирон гардида буд. Дар ин бора ҳикояти муфассале низ дар боби чоруми «Бӯстон» оварда шудааст.

            Бо вуҷуди он ки Саъдӣ дар илми фақҳ ва дигар илмҳои замонаи худ ба дараҷаи камолоти ҳақиқӣ расида буд, вале ӯ то охири умр ҳеҷ кадоми ин илмҳоро ба худ ихтисоси  доимӣ қарор надод. Вай баъди хатми мадрасаи «Низомия»  ба нияти дидани оламу шинохтани одам аз Бағдод роҳи сафарро пеш гирифта, муддатҳо дар шаҳру мамлакатҳои гуногун мусофиратҳо кард. Дар ин сафарҳо Саъдӣ Осиёи Сағир, ҳабаша, Миср, Шом, Фаластин, Арабистон, ҳиндустон ва бештари шаҳрҳои Эронро саёҳат намуд. Аз рӯи баъзе ҳикоятҳои «Гулистон» гуё ӯ ба Арманистон, Туркистони шарқӣ ва баъзе аз кишварҳои Европа низ сафар карда будааст.

            Саъдӣ мувофиқи шароити ин ё он маҳал ва тақозои вақт худро ба суратҳои гуногун, масалан, баъзан ҳамчун дарвеш, гоҳе дар либоси аҳли илму ваъз, вақте ба сурати суфию муршид намудор мекард. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Саъдӣ дар ин сафарҳо бо табақоти гуногуни мардуми он замон ошно гардида аз маҷмӯи ахлоқу одоб, рафтору кирдор ва урфу одатҳои халқҳои мухталиф баҳраҳо бардошт, ки он ҳама дидаву шунидаҳои ӯ минбаъд дар осораш хулоса шудаанд.

            Мероси адабии Саъдӣ аз назму наср иборат аст.

            Осори манзуми Шайх Саъдӣ аз маснавии оламшумули «Бӯстон», қасоиди форсӣ ва арабӣ, чор адад маҷмӯаи ғазалиёт бо номҳои «Тайибот», «Бадоеъ», «ҳавотим», «ғазалиёти қадим », китоби соҳибия, маснавиёт, қитъаот, рубоиёт ва муфрадот иборат аст.

            Осори мансури Шайх бошад аз шаш рисолаи хурд бо номҳои «Дар тақрири дебоча», «Дар тақрири маҷолиси панҷгона», «Дар суоли Соҳибдевон»,  «Дар ақл ва ишқ», «Дар насиҳати мулук», «Тақрироти салоса» ва китоби «Гулистон» иборат аст.

            Алҳол мо ин ҷо фақат дар бораи «Гулистон», тартибу танзим, таркибу структура, услуби нигориш, мақому аҳамияти ин асар дар эҷодиёти Саъдӣ ва дар таърихи адабиёт, инчунин кайфияти таҳияи матни ҳозираи «Гулистон» чанде таваққуф карданӣ ҳастем. Зимнан  бояд гуфт, ки дар бораи осори Саъдӣ, алалхусус «Гулистон», ховаршиносони ҳамзабон ва хориҷӣ даҳо  ва садҳо тадқиқоти хурду калонро анҷом  додаанд, ки ҳар  кадом мувофиқи замону макони таълиф ва ҳадафу мақсади муаллифон ҷолиби диққат ва қобили мутолааву омӯзиш мебошад. Ҳангоми навиштани ин мақола мо беҳтарин муҳокимаҳо ва хулосаҳои муҳақиқони Саъдиро ба назар гирфита бошем ҳам, тадқиқи «Гулистон»- ро асосан аз рӯи маълумоти худи хамин асар  манзур гардондаем.

            Инак «Гулистон».

            Саъдӣ дар дебочаи «Гулистон» аз хусуси шӯҳрати сухани худ ва мазияти он, хоса осори мансураву муншаоташ, забони хомаро ба гуфтор оварда, таъкид намудааст, ки «зикри чамили Саъдӣ», андар даҳони  авом афтодааст ва чакидаҳои килки гуҳаррези ӯро «хосу ом» ба муҳаббату эътиқоди тамом  қабул доранд: «Зикри ҷамили Саъдӣ, ки дар афвоҳи авом афтода ва сити суханаш, ки дар басити замин рафта ва қасаб-ул-ҷайби ҳадисаш, ки ҳамчун шакар мехӯранд ва руқъаи муншаоташ, ки чун коғази зар мебаранд…лоҷалам коффаи аном аз хосаву ом ба муҳаббати у гароидаанд».

            Аз ин иқтибос бармеояд, ки Саъдӣ дар назари тамоми халқ, тамоми табақаҳои аҳолӣ мақбулу маҳбуб будааст ва ба ақидаи ӯ, маҳбубият ва шӯҳрати ҳақиқӣ фақат ҳамон  вақт ба адиб муяссар мешавад, ки халқи оддӣ, мардуми авом ва оммаи ӯро эътироф намоянд ва навиштаҳояшро дӯст доранд.

            Воқиаи таълифи «Гулистон»-ро Саъдӣ ба тариқи шоирона ва дар сурати ҳикояти марғубе накл намудааст. «Як шаб,-навиштааст ӯ,-таамули айёми гузашта мекардам ва бар умри талафкарда таасуф мехӯрдам ва санги сарочаи дилро ба алмоси  оби дида месуфтам… Баъд аз таамули  ин маънӣ  маслиҳат он дидам, ки дар нишемани узлат нишинам, домани сӯҳбат фаро худ чинам ва дафтар аз гуфтаҳои парешон бишӯям ва минбаъд парешон нагӯям».

            Саъдӣ дар ҳамин андеша буд, ки яке аз дӯстони дерину қаринаш ба аёдати ӯ меояд ва ба расми  қадим аз ҳар боб базлагӯиву  ширинсуханӣ оғоз менамояд. Вале Саъдӣ, аз рӯи аҳди  қатъии худ, ки бо касе мусоҳибат нахоҳад кард ҷавобе ба ӯ намедиҳад. Яке аз аҳли хонаводаи Саъдӣ меҳмонро аз қарори шайх огоҳ мекунад. Аз ин воқиа огоҳ шуда, дӯсти Саъдӣ на танҳо арзи ранҷиш мекунад, балки мегӯяд:

            «Ба иззати азим ва сӯҳбати қадим, ки дам барнаёрам  ва қадам  барнадорам, магар он гаҳ ки сухан  гуфта шавад бар одати  маълуф ва тариқи маъруф, ки озурдани дустон ҷаҳл асту кафорати ямин саҳлу хилофи роҳи савоб аст ва нуқзи рои улулалбоб, зулфиқори Алӣ дар ниёму забони Саъдӣ дар ком».

            «Филҷумла,-мегӯяд Саъдӣ,-забон аз муколимаи ӯ дар кашидан қувват надоштам ва рӯй аз муҳодасаи ӯ баргардонидан мурувват надонистам, ки ёр мувофиқ буду иродат содиқ… Ба ҳукми зарурат сухан гуфтему тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду авони давлати вард расида».

            Ба ин тариқа, Саъдӣ ба хотири  дӯсти содиқаш аҳди худро шикаста, бо дастае аз ёрони мувофиқ дар аввали баҳорон беруни шаҳр меравад ва шабро дар бустонсарои  яке аз дӯстон ба рӯз меоваранд. «Бомдодон, ки мегӯяд Саъдӣ, - хотири бозомадан бар раъи нишастан ғолиб омад, дидамаш (яъне ҳамон дӯсташро – С.С.) домане гулу райҳону сунбулу займарон фароҳам оварда ва оҳанги руҷӯъ карда. Гуфтам: «Гули бӯстонро, чунон ки донӣ, бақое ва аҳди  гулистонро  вафое набошад ва ҳукамо гуфтаанд: ҳар чи напояд, дилбастагиро нашояд». Гуфто: «Тариқ чист?» Гуфтам: «Барои нузҳати нозирон ва фусҳати ҳозирон китоби «Гулистон»-е тавонам тасниф кардан, ки боди хазонро бар варақи ӯ даст набошад ва гардиши замон айши рабеашро ба тайши ҳариф мубаддал накунад.

 

                                    Ба чӣ кор оядат зи гул табақе?

                                    Аз «Гулистон»-и ман бубар варақе.

                                    Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,

                                    В-ин «Гулистон» ҳамеша хуш бошад».

 

            Ҳамин дӯсти Саъдӣ бо шунидани ин суханон домани гулҳои чидаи худро пошида, аз Саъдӣ илтиҷову зорӣ мекунад, ки фавран ба таснифи «Гулистон» шурӯъ намояд. Гуё Саъдӣ аз ин илтиҷову бозхости дӯсташ боз ҳам шавқманд гардида, ҳамон рӯз ба таълифи «Гулистон» мепардозад ва, ба қавли худаш, то бегоҳ як боби онро аз баёз ба савод мерасонад. «Фасле дар ҳамон рӯз иттифоқи баёз афтод дар ҳусни муошират ва одоб муҳовират дар либосе, ки мутакаллимонро ба кор ояд ва мутарассилонро балоғат бияфзояд»-навиштааст Саъдӣ.

            «Филҷумла, - гуфтааст Саъдӣ, - ҳанӯз аз гули бӯстон бақияте монда буд, ки китоби «Гулистон» тамом шуд».

            Мутахассисони Саъдишинос  бар онанд, ки Саъдӣ «Гулистон»-ро дар ҳудуди се моҳ, яъне дар фасли баҳорон, навишта тамом кардааст. Алҳақ, ба ин маънӣ дар иқтибоси  боло ҳам ишорате ҳаст. Дар айни  ҳол, дар худи «Гулистон» ишоратҳое ҳам диа мешавад, ки аз пешаки ба таври парешон навишта шудани  фаслу бобҳои алоҳидаи асар шаҳодат медиҳанд. «Ва дафтар аз гуфтаҳои парешон бишӯям ва минбаъд парешон нагӯям»-гуфтани Саъдӣ дар дебочаи  «Гулистон» низ ишорат ба ҳамин маънист.

            Дар ҳақиқат ҳам, агар Саъдӣ яке аз бобҳои калони «Гулистон»-ро ки дар одоби сӯҳбат аст ва он аз рӯи тартиб боби ҳаштуми  асарро ташкил медиҳад, дар як рӯз таълиф карда бошад, ҳатман зери даст навиштаҳои парешоне доштааст. Зеро ки махсусан дар ҳамин боб, ки дар дебоча Саъдӣ онро  «дар ҳусни муошират ва одоби муҳовират» номзад карда, дар тақсимбандии «Гулистон» дар «дар боби сӯҳбат» ном ниҳодааст, порчаҳои шеъри  ва он ҳам дар мавзӯҳои  гуногун  ва дар  вазнҳои мухталиф гуфта шавад. Ин дар навбати худ, бар он шаҳодат медиҳад, ки Саъдӣ таасуроти сайру сафарҳо, дидаву шунидаҳо ва хандаву донистаҳои худро  солҳои сол ёддошт мекардааст, ки он ҳама ёддошту қайдҳои пароканда акнун барои ҳарчи тезтар тартибу танзим ёфтани китоби «Гулистон» кӯмаки ҷидди расондаанд.

Search