Thursday, 04.25.2024, 7:26 AM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Гулистон_4

1 2 3 4

Дар «Гулистон» санъати саҷъ мавқеи муҳим дорад. Бештар муҳақиқон онро асари насри  синоъии мусаҷҷаъ хондаанд. Шояд ҳамин тавр гуфтан ҳам ҷоиз бошад. Вале инро ҳам бояд гуфт, ки ҷумла ва фикраҳое, ки бидуни саҷъ мебошанд, дар «Гулистон» кам нест. Ин ҳолат бештар ҳангоми нақли воқеаҳо мушоҳида мешавад. Вақтҳое, ки муаллиф аз воқеа ва амалиёти персонажҳо хулосаи пешакӣ баровардани мешавад ва фикри худро таъсирнок, боварибахш ва хотирнишин кардан мехоҳад, ҳарчи бештар ба саҷъ рӯ овардааст. Хусусан боби ҳаштуми «Гулистон», ки дар қисмати насри он воқеабандӣ қариб дида намешавад, саҷъ мавқеи ҳукмрон пайдо кардааст. Ин ҷо саҷъ омили асосие шудааст, ки суханони муаллиф ҳамчун масал садо диҳад. Саҷъ дар «Гулистон» на танҳо фасоҳату балоғати каломро накостааст, балки ба он салосат ва равонӣ илқо намудааст. Саъдӣ бар хилофи дигар нависандагони номдори муосир ва гузаштаи худ дар истифодаи санъати саҷъ ҳеҷ гуна зуру такаллуф ба кор набурдааст. Санъати саҷь, Саъдиро ба пуррагиву муғлакбаёни ва костани мазмуну афзудани ороиши зоҳирии пучу каммаънии  сухан наёвардааст.

            Истифодаи ибораҳо ва оёту ҳадис ба забони арабӣ низ дар «Гулистон» ба тарзи хосса сурат гирифтааст. Саъдӣ бар хилофи баъзе гузаштагон ва муосирони худ ҷумла, ибора ва масалҳои арабиро бештар на барои тасдиқи фикр ва зинати сухан, балки ҳамчун қисми таркибии ҷумла истифода бурдааст. Агар онҳо аз таркиби ҷумла берун карда шаванд, иборат ва маънои он хароб мегардад.Чунин ҳикоятҳо ҳам дар «Гулистон» ҳаст, ки фақат чанд калимаи он, аз қабили «гуфт», «гуфтам», «гуфтанд» тоҷикӣ буда, фикр ва мазмуни асосӣ пурра ба забони араби баён шудааст.

            Бо вуҷуди он ки ибора, ҷумла ва фикраҳои арабӣ дар «Гулистон» кам нест, наметавонем гӯем, ки забони он сахт  сангину мураккаб аст. Дар он бисёр ҳикоятҳои равону  салис ҳаст, ки сар то по бо иборати ширин ва зебову мафҳум мураттаб шудааст. Соддагии алфоз ва ҳусни маънӣ дар ин гунна ҳикоётҳо ба дараҷаест, ки ҳатто муосирони мо бе ёрии китобҳои луғат матолиби онро батамом фаҳмида метавонанд. Барои мисол ин ҳикоятро хонем:

            «ҳикоят. Меҳмони пире будам дар Диёрбакр, ки моли бисёр дошт ва фарзанди хубрӯй. Шабе ҳикоят кард, ки маро дар умри хеш ҷуз ин фарзанд набудааст. Ва дарахте дар ин води зиёратгоҳ аст, ки мардум ба ҳочат хостан он ҷо раванд ва ман шабҳои дароз дар пои он дарахт нолидаам, то маро ин фарзанд бахшидааст. Ва шунидам, ки писар ба рафиқон мегуфт: «Чӣ будӣ, ки ман он дарахтро дидаме ва дуо кардаме, ки падарам бимурди». Хоҷа шодикунон, ки писарам оқил аст ва писар таъназанон, ки падарам фартут.

 

Ту ба ҷои падар чӣ кардӣ хайр,

Ки ҳамон чашм дорӣ аз писарат».    

           

           Бо вуҷуди ин, матни «Гулистон» барои хонандаи имрӯзаи тоҷик аз чанд ҷиҳат душвориҳо пеш меоварад. Аввал ин ки бе тарҷума фаҳмидани ибора, фиқра ва ҷумлаҳои арабӣ ба ҳар кас муяссар намешавад. Сониян, дар асар калимаҳои бисёри арабии имрӯз дар забони адабии тоҷик номаълум ва калимаҳои аслан тоҷикии кӯҳнашуда дучор мешавад, ки бе мадади китобҳои луғат фаҳмидани онҳо барои хонандаи умум душвор аст. Ниҳоят, порчаҳои манзуми «Гулистон» ҳам дар мавридҳои муайян шарҳу  тафсири калимаҳои душворфаҳм  ва тарҷумаи мисраву байтҳои арабиро тақозо менамояд. Ин мушкилот дар қисмати «Луғот ва тавзеҳот»-и китоб, ки мо мураттаб кардаем, то андозае ҳал шудааст.

            Як хусусияти дигари «Гулистон», ки онро аз асарҳои дигари мансури то асри Х111-13 ва ҳам асри Х111 фарк мекунонад, ин аст, ки порчаҳои манзуми асар рехтаи қалам ва парвардаи табъу заковати худи Саъдист. Ба иборати дигар гӯем, порчаҳои манузуми «Гулистон»-ро  Саъдӣ билъакси анъанаи маъмул аз гуяндагони дигар иқтибос накардааст. Чунончӣ худ мегӯяд:

            «Бидон, ки дар ин китоб, чунон ки расми муаллифон аст ва даъби мусаннифон аз ашъори мутақаддимон ба тариқи истиорат талфиқе нарафт. Байт:

Кӯҳан ҷомаи хеш пиостан,

Беҳ аз ҷомаи орият хостан».

           

             Бо вуҷуди ин муҳаққиқони дақиқназару хурдбин ва ҳамабину ҳамадон дарёфтаанд, ки байти зерин аз ҳикояти аввали боби якуми «Гулистон» аз маснавии «Гаршоспнома»-и Асади Тӯсӣ ба «Гулистон» ворид шуда будааст:

 

                                    Макун такя бар мулки дунёву пушт,

                                    Ки бисёр кас чун ту оварду кушт.

 

            Албатта, ин сиркат не, балки таворуд аст. Азбаски Саъдӣ осори гузаштагони худро бо диққати тамом мутолиа карда, беҳтарин абёту афкори онро азхуд мекард, ин байти Асадӣ ҳам дар хотири  ӯ нақш баста, бо мурури замон гӯяндааш фаромӯш гардида, ба моли худи ӯ табдил ёфтааст.

            Саъдӣ дар «Гулситон» як ибтикорот ё навоварии  дигар дорад. Ин татбиқи жанри мунозира дар насри «Гулистон» аст, ки асосан дар ҳикояи «Тавонгар ва дарвеш» ва қисман дар дигар ҳикоёт, аз ҷумла қиссаи муштзан, ифода шудааст.

            Ба ин тариқа, «Гулистон» ҳам аз ваҷҳи ҳадафи ғояви бадеӣ ва ҳам аз лиҳози сабку забон дар адабиёти мо зуҳуроти тоза буд. Саъдӣ ба воситаи ин асар мактаби тарбиятии иҷтимоии дар адабиёт таъсис намуд. Ҷолиби  диққат аст, ки бисёр панду андарзҳо ва мазмунҳои «Гулистон»-ро фасл ба фасл ба «Кодекси ахлоқии бинокорони коммунизм» татбиқ кардан мумкин аст. Ба ин маъни, «Гулистон» ҳозир ҳам асари замонавӣ мебошад.

            Матни ҳозираи «Гулистон»  асосан аз рӯи ду нашри «куллиёти Саъдӣ», ки якеро Аҳмади Илмӣ дар заминаи нусхаи мусаҳеҳи марҳум Муҳаммадалии Фӯруғӣ соли 1338 шамсӣ дар Теҳрон интишор додааст ва дигареро Мазохири Мусаффо бо муқобилаи муҷаддад соли 1340 шамсӣ низ дар Теҳрон чоп кардааст, таҳия намудаем. Илова бар ин, ҳангоми тасҳеҳи матн борҳо ба матни илмию интиқодии «Гулистон», ки Рустам Алиев  омода ва чоп кардааст (Москва, соли 1959) ва чанд адад дастхати нафиси осори Саъдӣ, ки дар ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон ба номи А.Мирзоев маҳфуз аст, муроҷиат кардаем.

            Дар айни хол матни «Гулистон» бо яке аз қадимтарин нусхаҳои калимаи куллиёти Саъдӣ, ки баъди 37 соли вафоти ӯ китобат шуда, алҳол зери рақами 503 дар ганҷинаи дастхатҳои ИШ АФ РСС Тоҷикистон махуф аст, муқояса ва фарқи он дар поварак дода шуд. Ба ҳамин муносибат матни ҳозираи «Гулистон» ба худ як навъ сурати матни интиқодиро қабул кардааст. Нияти мо аз ин иқдом аст, ки бартари ва камияти ин дастнавис нисбат ба дигар дастнависҳои муътабари Эрон, ки нашрҳои эронии «Гулистон» аз рӯи беҳтарини онҳо таҳия шудааст, ошкор гардад. Чунон ки аз поварақи  матни ҳозира ҳам равшан хоҳад шуд, нусхаи қадима ба завқу салиқаи нависандагони асри Саъдӣ ва қариби он хеле наздик буда, калимоти латиф, ширин ва хушлаҳни табии матни онро хеле ҷолиб ва дилкаш гардондаанд. Аз тарафи дигар, дар чандин маврид порчаҳои шеърии ҳикоятҳо бо абёт ва порчаҳои тоза такмил дода шудаанд, ки низ ҷанбаи тарбиявию ахлоқӣ доранд. Чунончи, ин порчаи шеъри ба ҳикояти охирини боби аввал замима шуда, мазмуни онро боз ҳам тавсиа додааст.

 

                                    Ин ҳама ҳеҷ аст, чун мебигзарад,

                                    Бахту тахту амру нахю гиру дор.

                                    Номи неки рафтагон зоеъ макун,

                                    То бимонад номи некат ёдгор.

            Дигар замимаҳои мансуру манзум, ки дар поварақи саҳифаҳо омадааст, ба ҳамин қиёс мебошад.

            Дар айни замон, «Гулистон» дар ин нусхаи қадимӣ як андоза мухтасар аст. Баъзе ҳикоятҳо  ва як қисми абёту порчаҳои шеърӣ, ки дар дастхатҳои баъдина мавҷуд аст, дар он дида намешавад.

            «Гулистон»  барои фосизабонон аз ибтидои таълифаш ва барои аврупоиён баъди чандин аср китоби таълими  буд. Барои форсизабонон мақбул ва матлуб буд барои он ки дар ин китоб ҳақиқати ҳаёти таърихиву иҷтимоӣ ва ахлоқии асри Саъдӣ ба таври бадеии инъикос ёфтааст. Дар ин асар ҳар як табақаи ҷамъият, ҳар як қавму қабила худро ва малу омоли  хешро мебинад. Барои фарангиён ин китоб маъқул ва матлуб шуд барои он ки дар он назокати забони форсӣ ва хиради халқ ифода шудааст. Барои фарангиён ин китоб, пеш аз ҳама, аз ду ҷиҳат муҳим буд. Якум, ҳамчун беҳтарин намунаи забони классики  форси ва, дуввум, ҳамчун воситаи донистани афкори сиёсиву иҷтимои ва динниву таамулоти халқҳои форсизабон. Алҳол, «Гулситон» барои сокинони сайёраи мо аз ҷумлаи маҳбубтарин асарҳост.

            Ниҳоят, мехоҳем, ки ба ҳамкорони арҷманд Аълохон Афсаҳзод, Чонфидо Аскар, Чобул Додалишоев, ки дар тартибу танзим ва тасҳеҳи матни «Гулистон» ба мо маслиҳатҳои  муфид додаанд, инчунин Сайиднуриддин Шаҳобиддинов ва Абдулло Юлдошев, ки дар шарҳи матнҳои арабӣ мададгорӣ кардаанд, арзи самимият ва сипосгузорӣ намоем.

 

                                                                                                            Саҳобиддин Сиддиқов.         

Search