Friday, 04.26.2024, 7:19 PM
Welcome Guest | RSS

For Tajik Linguists and more...

Our poll
Rate my site
Total of answers: 42
Statistics

Total online: 1
Guests: 1
Users: 0
Login form

Гулистон_3

1 2 3 4

Зоҳиран, сабаб дар ҳамин аст, ки баъзе матолиби  «Гулистон»  ба унвони бобҳо мувофиқат намекунад. Нависанда, аз афташ, нахостааст, ки ҳикоятҳои аз пеш навиштааш берун аз китоб  монад ва ё шумораи  онҳо чандоне набудааст, ки барои онҳо боби ҷудогона муносибате надоштани баъзе  ҳикоятҳо ба унвон ва мавзӯю матолиби бобҳо алҳол фақат як мисол меоварем. Чунончи, боби «Дар ахлоқи дарвешон» ин ҳикоятро дорад: «ҳикоят. Овардаанд, ки фақеҳе духтаре дошт бағоят зиштрӯй ва ба ҳадди занон расида ва бо вуҷуди ҷихозу неъмат кас ба мунокаҳати (ақди никоҳ) ӯ рағбат наменамуд.

 

ФАРД:

Зишт бошад дабиқию дебо,

Ки бувад бар арӯси нозебо.

             

             Филҷумла, ба ҳукми зарурат ба зарире (нобиное) акди никоҳаш бастанд. Овардаанд, ки дар он айём ҳакиме аз Сарандеб расид, ки дидан нобино равшан ҳамекард. Фақеҳро гуфтанд: «Чаро домоди худро илоҷ накунӣ?» Гуфт: «Метарсам, ки бино шавад, духтарамро талоқ гуяд».

 

                                    «Шӯи зани зишт марди нобино беҳ».

           

             Чунон ки мебинем, ин ҳикоят, бо он ки хеле марғуб аст, ба афъолу аъмоли дарвешон ба ҳеҷ ваҷҳ муносибате надорад. Вале Саъдӣ аз баҳри ин ҳикоят гузашта натавониста, онро ба ҳамин боб илқо намудааст.

            Саъдӣ сабки нигориш ва равияи услубии «Гулистон»-ро низ худ ишорат намудааст. «…калимае чанд,-мегуяд, ӯ,-ба тарики ихтисор аз наводиру амсол ва шеъру ҳикоёт дар ин китоб дарҷ намудем ва бархе аз умри гаронмоя бар ӯ харҷ. Мӯҷиби таснифи китоби «Гулистон » ин буд:

 

                                    Бимонад солҳо ин назму тартиб,

                                    Зи мо ҳар зарра хок афтода ҷое.

                                    Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад,

                                    Ки ҳастиро набинам бақое.

                                    Магар соҳибдиле рӯзе ба раҳмат

                                    Кунад дар  кори дарвешон дуое».

 

            Аз ин ҷо бармеояд, ки «Гулистон» аз суханони кӯтоҳи ҳикматнок ва ҳикояту тамсилҳои нодир дар шакли назму наср танзим ёфтааст. Хусусияти услубии «Гулистон»-ро аз ин беҳтар ифода кардан мумкин нест. Зеро дар зимни он чор калима – «наводиру амсол ва шеъру ҳикоёт»- ҳамаи фазилатҳои бадеию услубии ин асар ҷамъбаст шудааст.

 

            Саъдӣ «Гулистон»-ро  ба ҳашт боб тақсим кардааст:

            БОБИ АВВАЛ «Дар сирати подшоҳон»,

            БОБИ ДУВВУМ «Дар ахлоқи дарвешон»,

            БОБИ САВВУМ «Дар фазилати қаноат»,

            БОБИ ЧАХОРУМ «Дар фавоиди хомӯшӣ»,

            БОБИ ПАНЧУМ «Дар ишқ ва ҷавонӣ»,

            БОБИ ШАШУМ «Дар заъф ва пирӣ»,

            БОБИ ХАФТУМ «Дар таъсири тарбият»,

            БОБИ ХАШТУМ «Дар одоби сӯҳбат».

            Инчунин соли танзиму тартиби «Гулистон»-ро низ дар порчаи шеърии зерин аниқу дақиқ таъин намудааст:

 

                                    «Дар ин муддат, ки моро вақт хуш буд,

Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд.

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,

Ҳаловат бо худо кардему рафтем».

           

           Агар санаи 656 ҳиҷриро ба соли милоди баргардонем, рақами 1258 ҳосил мешавад, ки ин соли итмоми таълифи «Гулистон» аст.

            Мазмуну мундариҷа ва мавзӯю мӯҳтавоиёти «Гулистон»-ро  Саъдӣ дар қисмати хотимавии асар сароҳатан таъкид намудааст. «ғолиби гуфтори Саъдӣ, - навиштааст, ӯ – тарабангез асту тийбатомез. Кӯтаҳназаронро  бад-ин иллат забони таън дароз гардад, ки мағзи димоғ беҳуда бурдан ва дуди чароғ бефоида  хӯрдан кори хирадмандон нест. Валекин бар рои равшани соҳибдилон, ки рӯи сухан бар эшон аст, пушида намонад, ки мавъизаҳои шофи (шифобахш) дар силқи иборат кашидааст ва доруи талхи насиҳат ба шаҳди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати қабул маҳрум намонад».

            Дар ҳақиқат ҳам, «Гулистон» тарабангезу тийбатомез аст, вале аз ҷиҳати моҳият ва «шаҳди зарофат» дорад, аммо аз ваҷҳи оқибат. Валекин «доруи талхи насиҳат» дар тамоми ҳикоёти «Гулистон» дида мешавад. Ва ин ҳама хусусиятиҳои «Гулистон» маҳз ба воситаи доруи талхи насиҳат зоҳир мегардад. Насиҳат ва ибрат ҷону равони «Гулистон»-ро ташкил медиҳад. Аслан Саъдӣ дар «Гулистон» гулистонро тасвир накардааст. Агар истисно кунем, ки асар дар фасли баҳор, айёми шукуфтани гулу лола навишта шудааст, «Гулистон» ном гирифтани  он ҳам комилан рамзист. Саъдӣ шояд бо ин ном гуфтанӣ будааст, ки агар аҳли ибрат аз ин ҳикоёт ва мавъизаҳои ӯ панд гиранд, ҳаёташон гулистон хоҳад шуд. Саъдӣ, албатта, аз доираи фаҳмиши асри Х111 -13 ва асосан барои муосирони худ гап мезад, вале ҳафтсад сол ин ҷониб одамон аз гуфтаҳои Саъдӣ масал мезананд. Дар айни замон, Саъдӣ насиҳати талхи худро барои тамоми гуруҳҳои ҷамъиятӣ, аз шоҳ то гадо, аз вазир то Пешавар номзад карда бошад ҳам, ҳадафи ӯ одамони боақл ва хирадманди ин гурӯҳу табақаҳо буд. Саъдӣ аз нобино ҳам панд мегирад, вале аз беақл не (Дар боби «Таъсири тарбият» ин гунна мисолҳо бисёранд).

            Вақтҳое ҳам, ки Саъдӣ ашхоси таърихиро ном мебарад ва гуё ҳикоёти таърихӣ мегӯяд, манзури ӯ хақиқати таърих набудааст, чунон ки дар ҳикоёти Хорун-ар-Рашид, истилои Миср аз ҷониби ӯ ва пастарин ғуломро ҳокими Миср таъин кардани вай мебинем. Манзури ӯ маҳз «наводиру амсол» на таъкид ва таъйиди ҳақиқати таърихӣ. Аз рӯӣ ҳамин муқоясаву муояна метавон гуфт, ки қиссаҳои рӯзгори Саъдӣ ҳам, ки дар «Гулистон» мазкуранд, шояд чандон қиссаи рӯзгори шахси Саъдӣ набошад. Ба ин ҷихати «Гулистон» ҳам муҳаққиқон эътибори ҷиддӣ додаанд. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки гӯё сафарҳои Саъдӣ ба Кашқару Сӯманот воқеӣ набошад. Вале ҳеҷ кас ҳақиқат будани воқиаҳои дар ин ҳикоёт тасвир шударо инкор карда натавонистааст ва нияти рад кардан ҳам надоштааст. Аслан гирем, гап дар сари он аст, Саъдӣ дар дохили ҳикоятҳои «Гулистон» дар байни фарди таърихӣ ва образи бадеии қарор гирифта аст. Дар айни ҳолл муҳимтар ин аст, ки дар ҳарду ҳолат ҳам шахсияти ҳақиқи ва образи бадеии Саъдӣ таълими ва ибратбахшанд. 

            Аз ин вуҷуҳ чунин ба назар мерасад, ки зикри номи ашхоси намоёни таърихӣ, истинод ба қавли ҳукамо, таъин кардани ҷои зуҳури воқиа ва амсоли ин дар «Гулистон» барои он аст, ки сухани Саъдӣ ҳарчи боварибахш ва муътамад намудор гардад. Агар аҳвол ҳақиқатан ҳам чунон аст, ки мо мегуем, мақсуди нависанда дар «Гулистон» ба ҳадаф расидааст. «Гулистон» ба оини худнамоии тамоми гуруҳҳо, табақот ва аснофи ҷамъияти асри Саъдӣ табдил ёфтааст. Зиндаги, зиндагии реалии одамон бо тамоми мухолифатҳову мураккабиҳояш, бо ҳама фарозу  нишебҳояш дар сатҳи донишу биниш ва таҷрибаи ҳаётии Саъдии ҷаҳондидаву одамшинохта ба маърази баён омадааст. Ҳикмати инсони дар «Гулистон» ба дараҷаест, ки ҳар кас метавонад дар маҷлису маҳофилаз он иқтибос кунад ва ё аз номи Саъдӣ масал занад. Ҷумлахои кӯтоҳи пурмазмун, насри муҷази ҳикматнок, назми ҳаётиву ибратомӯз бисёр ҳикоёти «Гулистон» ва ҷузвҳои халосавии  онро  ба амсолу ҳикам табдил додаанд. Инак, барои исботи муддао  чанд мисол аз суханони ҳикматноки Саъдӣ: «Озурадни дӯстон ҷахл аст», «Ду чиз тираи ақл аст: дам фӯру бастан ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ», «ҳар чи напояд, дилбастагиро нашояд», «Андеша кардан, ки чи гуям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам», «ҳар ки даст аз ҷон бишӯяд, ҳарчи дар дил дорад, бигӯяд», «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки аз рости фитнаангез», «Кӯтоҳи  хирадманд беҳ, ки нодони баланд», «Муҳол аст, агар хирадманд бимирад, ки беҳунар ҷои ӯ бигирад», «Тавонгарӣ  ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол», «Хонаи дӯстон  бирӯбу дари душманон макӯб», «Шӯи зани зиштрӯй нобину беҳ», «ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест», «Рӯи зебо марҳами дилҳои хастаасту калиди дилҳои баста», «Андаке ҷамол беҳ аз бисёре мол». «ҳар чӣ ба дил фурӯд  ояд, дар дил накӯ намояд, «ҷаври устод беҳ аз меҳри падар», «Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр баҳри гирд овардани мол» ва ғайра.

Ҳар  яке аз ин суханон, ки Саъдӣ бештар аз номи худ ва қисман ба унвони «гуфтаанд», «ҳукамо гуфтаанд» ва «овардаанд» гӯё  аз номи дигарон баён кардааст, аз ҳаёти воқеии одамон ҳикоят мекунад ва ҳақиқати зиндагиро дар марҳала ва лаҳзаҳои  гуногун ифода менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳикоятҳои «Гулистон» садсолаҳо ба табъу завқ ва хиради одамон дар ҳимоятҳои ин асар баъзе аз лаҳзаҳои рӯзгори комронӣ ё таназулу нокомии худро дидаанд.

          Саъдӣ дар «Гулистон » ҳеҷ яке аз табақоти ҷамъияти замони худро ҳадафи ҳаҷв ё ситоиши аз ҳад зиёд қарор надодааст. Дар ҳама ҳол ӯ ҳадди эътидолро нигоҳ доштааст. Ҳатто  дар масъалаҳои динниву мазҳабӣ ҳам ба таассуб роҳ надодаст. Шиор ва матлубу мақсуди ӯ аз ин ҳама ҳикоёту амсол фақат панду андарз ва насиҳату мавъиза  будаасту бас.

          Гирифтем, ки ӯ  дар мавриди подшоҳони золиму бетабдирро сахт маҳкум намояд ҳам, дар мавриде дигар хираду тадбир ва дурандешиву заковати ҳукумронони алоҳидаро ситоиш кардааст. Тасвири ҳоли дарвешон низ ҳамчуон аст.

«Аз ин руст, ки, - мегӯяд яке аз Саъдишиносони эронӣ, - ин асари нафис аз беҳтарин оинаҳои адабӣ аст, ки намоиши авзои иҷтимоӣ  ва ахлоқии асрро ба таври комил медиҳад ва ҳам, аз ин рӯ, бисёре аз ҳикоёту достонҳои дархӯри авзои умумии он аср пардохта шуда».

Ин суханон барҳаканд. Вале «Гулистон» фақат барои муосирони нависанда нигошта нашудааст. Саъдӣ, ки равоншиноси олимақом буд, панду андарзҳо ва ҳикоёту достонҳои «Гулистон»-ро  барои наслҳои ояндаи инсоният ҳам мӯлҷар карда будааст. Гап дар сари он аст, ки мавзӯъ ва матлабҳои умумиинсонӣ доранд ва хусусияти ҷовидонаи башарӣ касб кардаанд. Аз ин рӯ, аксарияти он фикру андешаҳо  ҳаргиз кӯҳна намешаванд ва дарозумрии «Гулистон» ҳам, зоҳиран, дар ҳамин аст.

             Ҳикоятҳои   «Гулистон» ва он воқеаҳое, ки дар онҳо тасвир шудааст, аз ҳаёти одамон нақл менамояд. Нависанда  ҳаёти инсонро дар натиҷаи таҳқиқи рӯзгору рӯхияи худи инсон ба тасвир гирифтааст. Аз ин ваҷҳ, «Гулистон» аз  асарҳои қабили «Калила ва Димна», «Тӯтинома», ки зиндагони ва рӯҳонияти одамонро бо роҳи тамсил ифода кардаанд, тафовут дорад. Дар чанд маврид ҳам, ки Саъдӣ ҳикоёти тамсилӣ овардааст, матлаби ӯ фақат ба воситаи онҳо  ифода наёфтааст. Ин ҳама муҳокимаҳо чунин маъни дорад, ки «Гулистон» дар навъи худ дар адабиёти тоҷик собиқа надорад. Ба ин тариқа, «Гулистон» ҳамчун як навъи асари бадеӣ аз ихтирооти фикру зеҳни Саъдист. Дар асарҳои баъдина дар пайравии «Гулистон » як силсила асарҳо таълиф гардид, ки беҳтарини онхо «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Чомӣ  , «Хористон»-и Маҷдуддини Хофи ва «Парешон»-и ҳабиби Кони будааст. Дар айни ҳол адиб, олим ва маорифпарвари намоёни ҳиндустон Алтоф ҳусайни Холи дар «ҳаёти Саъдӣ» ном китобаш «Гулистон»-ро ба ин асарҳо муқояса намуда гуфтааст: «Кутубе чанд ба тарзи «Гулистон» навишат шудааст, ки сетои онҳо қобили таваҷҷӯҳ аст: якум, «Баҳористон»-и Чомӣ, дуюм, «Хористон»-и Маҷдуддини Хофи ва, сеюм, «Парешон»-и Хабиби Коонии Шерозӣ. Муқобилаи инҳо бо «Гулистон» монанди моҳу шамъ бо хуршед аст».

            Ин ҷо аз рӯи инсоф бояд иқрор шуд, ки ин се асар  барои муосирони ҳамон мартабаву мақом ва аҳамиятро молик буд, ки «Гулистон» барои ҳамзамонони Саъдӣ. Ин муаллифон мавзӯи «Гулистон»-ро тавсиа доданд ва бо тақозои муҳити иҷтимоӣ, вазъи ахлоқӣ ва сабки адабии асри худ асарҳои оригинали офариданд. Ин асарҳо, низ дар қатори «Гулистон» дар замони худ шӯҳрати калон пайдо карда будаанд, хонандаву эътиқотмандони бисёр доштанд ва аз ҳикоёту тамсилот ва панду андарзҳои ин китобҳо низ наслҳои баъдина зиёда масал задаанд.

            Панду андарз ва ҳикмати инсонӣ дар асарҳои мансури то аҳди Саъдӣ  ҳам дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла зимни рисолаҳои фалсафӣ, ирфонӣ, ахлоқии дини, китобҳои таърихӣ тамсилӣ ифода ёфтаанд. Вале дар ин қабил асарҳо ҳаёт ва зиндагонии гурӯҳ ва табақаҳои мухталифи одамон, ахлоқу одоби ҷомеа бевосита аз рӯи тасвири рӯзгори онҳо ба инобат гирифта нашудааст. Панду андарзҳои «Гулистон» комилан иҷтимоист ва таълимоти Саъдӣ дар  ин бобат аз ҳаёти воқеӣ сарчашма гирифтааст. Масоили дунявӣ мағз андар мағзи ин асарро ташкил медиҳад.

            Ба ин тариқа, одам ва неку бади тинату сиришти он дар «Гулистон» мавзӯи асосӣ ва марказист. Афъоли бад ва оқибати бади кирдори одамони алоҳидаеро, ки Саъдӣ накӯҳиш кардааст, дар ҳамаи асру замонҳо бад ва зишт шинохтаанд ва, дар айни ҳол, наҷобат ва накиӯҳои инсониро, ки ӯ сутудааст, ҳама наҷиб ва накӯ хондаанд. Ба ин маънӣ Саъдӣ дар образи  қаҳрамонон ҳикоёти «Гулистон»  на танҳо натиҷаи мушоҳидоти худро дар бораи чигунагии феълу атвор, майлу хоҳишҳо ва фикру зикри муосирони худ иброз доштааст, балки, умуман, сиришти навъҳои башариро таҳқиқ намудааст. Саъдӣ дар натиҷаи дидану омӯхтану шинохтани одами замони худ гӯё образҳои ҷомее офаридааст, ки назиру монанди онҳо дар ҳар асру замон дида мешавад. Бо ин ҳама Саъдӣ мехост, ки инсоният оқилтар ва комилтар шавад, ҷомеаи башарӣ истеҳком ёбад, мулк ободу мардум осудаву озод бошанд. Ин ният ва мақсади поку башардустона дар «Гулистон» абадияти ном ва таълимоти Саъдиро таъмн кардааст.

            «Гулистон» асари мансур бошад ҳам, дар он назм мавқеи  ниҳоят калон дорад. Нависанда дар пораҳои мансури ҳикоятҳо ҳаётро ба воситаи образ ва амалиёти персонажҳо тасвир мекунад, вале дар бораи онҳо камтар муҳокима меронад. Дар қисмати назми ҳикоятҳо бошад, на танҳо матлаби асосии муаалиф ҷамъбаст мешавад, балки тарафҳои дигари мавзӯъ ҳам таъкид ва ошкор мегардад. Сохти ҳикояҳо ва формулаи онҳо аксаран чунон аст, ки аввал гуё кас мебинад, мушоҳида мекунад, баъд ибрат мегирад ва сипас хулосаи ҳаёти мебарорад. Ба иборати дигар, асрори ҳикоятҳо ва ҳикмати онҳо бештар бо ёрии порчаҳои манзум ифшо мегардад.

Search